Гармидиҳиро дар хонаҳои Душанбе ба наздикӣ қатъ мекунанд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Обуҳавои пойтахт гарм шуда, сокинон аз гармии беҳад зиёд дар хонаҳояшон шикоят доранд. Дар ин робита, гармидиҳиро ба хонаҳои сокинони Душанбе то охири ҳафта қатъ карданианд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, нахуст қатъи истеҳсол ва интиқоли гармӣ ба иншооти шаҳр 15 март ба нақша гирифта шуда, лекин чун ҳарорат то он рӯз ба нишондиҳандаи зарурӣ барои қатъ нарасидааст, тасмим мегиранд, ки боз як ҳафтаи дигар сабр намоянд.

Дар ҳамин ҳол, бисёре аз сокинони пойтахт аз гармии беҳад зиёд дар манзилҳояшон шикоят дошта, мегӯянд, ҳатто агар тирезаҳоро кушода монанд ҳам, аз гармии зиёд ҷойи гурез нест ва аз ин рӯ, нороҳатӣ ҳис мешавад.

Қобили зикр аст, ки наздики 2 ҳазор хонаҳои истиқоматӣ ва дигар иншоот дар шаҳри Душанбе бо гармӣ таъмин мешаванд.

Бархе аз сокинони Душанбе изҳор амуданд, ки худашон мустақилона интиқоли гармиро ба манзилҳояшон қатъ карда, акнун намедонанд, ки барои гармие, ки аллакай истифода намебаранд, оё маблағ пардохт мекунанд?

Дар Муассисаи давлатии «Шабакаҳои гармидиҳандаи шаҳри Душанбе» дар ин робита қайд карданд, ки чунин истеъмолгарон дар баробари пардохти пули гармӣ, ҳамчунин ҷарима низ мешаванд.

“Худсарона қатъ кардани гармӣ аз қубурҳо қонуншикании маъмурӣ шуморида шуда, бо ҷарима ҷазо дода мешавад”, – иброз дошт мудири шуъбаи фурӯши гармӣ ба аҳолии корхонаи мазкур Алихон Каримов.

Ӯ зикр кард, ки яке аз сабабҳои анҷоми нисбатан дертари мавсими гармидиҳӣ камбуди нерӯи барқ мебошад, ки то рӯзҳои охир эҳсос мешуд.

“Аммо, – таъкид дошт Каримов. – Бо фарорасии мавсими гармӣ, ҳаҷми истеҳсоли барқ дар нерӯгоҳи Норак афзуда, ба зарурати истеҳсоли барқ аз ҷониби марказҳои барқу гармидиҳӣ эҳтиёҷ намемонад”.

Зимнан зикр гардид, ки ба гумони ғолиб, ба наздикӣ пеш ё чанд рӯз пас аз таҷлили ҷашни Наврӯз мавсими гармидиҳӣ дар пойтахт ба итмом мерасад.

Қобили зикр аст, ки айни замон аҳолӣ барои гармидиҳӣ ба ҳар як метри мураббаъи манзил 1,03 сомонӣ маблағ дар як моҳ пардохт мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...