Имкони ҳамлу нақли борҳои Тоҷикистон тариқи бандари баҳрии Боку

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар ҳошияи сафар ба Озарбойҷон ҷиҳати иштирок дар VII Форуми ҷаҳонии Боку 16 март боздиди вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода аз Бандари баҳрии тиҷоратии байналмилалии Боку сурат гирифт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, дар рафти мулоқот бо директори генералии Бандари мазкур Толеҳ Зиядов оид ба фаъолияти он маълумоти муфассал манзур гардида, пешниҳод карда шуд, ки имкониятҳои бандар барои ҳамлу нақли борҳои Тоҷикистон фаровон истифода бурда шаванд.

Зикр мегардад, ки Бандари баҳрии тиҷоратии байналмилалии Боку соли 2018 мавриди истифода қарор дода шуда, масоҳати он 117 гектарро ташкил медиҳад ва он дорои 12 киштигоҳ мебошад. Иқтидори бандари мазкур барои интиқоли борҳо дар як сол то 15 миллион тоннаро ташкил менамояд ва ҷиҳати истифодаи фарогир аз имкониятҳои бандар, дар назди он минтақаи озоди иқтисодӣ бунёд шудааст.

“Истифодаи бандар натанҳо барои интиқоли борҳо, балки барои таъмини ҳамкориҳои бештари минтақавӣ саҳмгузор хоҳад буд”, – қайд намудааст Толеҳ Зиядов.

Қобили зикр аст, ки аз оғози моҳи феврали соли ҷорӣ Тоҷикистон маҷбур аст, ки ҳамлу нақли борҳои худро бидуни убури қаламрави Турманистон анҷом диҳад. Ин кишвар бо сабабҳои то ҳол номаълум вуруди воситаҳои нақлиёти Тоҷикистонро ба қаламрави худ иҷоза намедиҳад.

Ҳамлу нақли қисмате аз борҳои Тоҷикистон ба Шарқи Наздик ё аз ин минтақа ба Тоҷикистон равонашуда аллакай муддати ду моҳ аст, ки тавассути Баҳри Каспий бо истифода аз бандарҳои Боку ва Актау (Қазоқистон) ба роҳ монда шудааст.

Воситаҳои нақлиёте, ки ба боркашонӣ аз Тоҷикистон ва воридоти маҳсулот ба Тоҷикистон машғуланд, дар ин робита ба хароҷоти иловагии молиявӣ дучор мешаванд.

Дар Вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон мегӯянд, манъи ҳаракати воситаҳои нақлиёти Тоҷикистон тарқи қаламрави Туркманистон то ҳол амал мекунад.

“Ҷониби Туркманистон ба баровардани автомашинаҳо ва вагонҳои қатора бо борҳои Тоҷикистон аз қаламрави худ иҷоза дода, лекин ба вуруди нақиёти мо ба ин кишвар то ҳол иҷоза нест”, – гуфта буданд он замон ба “Азия-Плюс” дар Вазорати нақлиёт.

Бино ба иттилои манбаъ, дар мавриди сабабҳои чунин амал нисбати Тоҷикистон Туркманистон расман чизе шарҳ надодааст.

Ҳамчунин мебояд гуфт, дар бораи шарҳи сабабҳои ин масъала Тоҷикистон ба Туркманистон ба воситаи Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ муроҷиат намуда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...