Шикояти душанбегиҳо аз ҷамъоварии пул барои ранг кардани намои хонаҳои онҳо

Сокинони чанде аз микрорайонҳои Душанбе ба идораи “Азия-Плюс” муроҷиат намуда, шикоят карданд, ки барои ранг кардани бинои хонаҳо аз онҳо пул талаб мекунанд. – Ба мо гуфтанд, ки ин қарори ҳукумат буда, 300 сомонӣ пардохтан лозим аст. Рангкуниро аллакай аз тарафи шоҳроҳ оғоз намуданд. Барои чӣ мо бояд маблағ пардохт кунем? Бе ин ҳам андозҳои […]

Сокинони чанде аз микрорайонҳои Душанбе ба идораи “Азия-Плюс” муроҷиат намуда, шикоят карданд, ки барои ранг кардани бинои хонаҳо аз онҳо пул талаб мекунанд.

– Ба мо гуфтанд, ки ин қарори ҳукумат буда, 300 сомонӣ пардохтан лозим аст. Рангкуниро аллакай аз тарафи шоҳроҳ оғоз намуданд. Барои чӣ мо бояд маблағ пардохт кунем? Бе ин ҳам андозҳои гуногунро пардохт мекунем. Ба гунаи мисол, ман барои ин пардохт маблағ надорам, – хабар дод ба “Азия-Плюс” тариқи телефон яке аз сокинони хонаи №50 дар кӯчаи Муҳаммадиеви микрорайони 102-юм.

Ба идораи хабаргузорӣ аз сокинони хонаи №52-и кӯчаи Муҳаммадиев низ ба ҳамин мазмун шикоят расид.

– Барои ранг кардани бинои хонаамон аз мо пардохти 600 сомониро талаб карданд. Мо аз шиносҳои худ, ки дар маркази шаҳр зиндагӣ мекунанд, пурсидем, ки магар онҳо ҳам барои ранг кардани бинои хонаашон пул пардохт кардаанд. Онҳо гуфтанд, ки ягон пуле барои ин пардохт накардаанд. Чаро аз мо ба ин миқдор пул талаб мекунанд? Бо кадом асос?, – иброз доштааст дар саҳифаи “Азия-Плюс” дар Фейсбук яке аз сокинони ин хона.

“Танҳо ихтиёрӣ”

Моҳи январи соли ҷорӣ раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дастур дода буд, ки то моҳи сентябри соли 2021 намо (фасад)-и 2 ҳазору 224 хонаҳои баландошёна таъмиру навсозӣ шавад. Дар бораи аз кадом ҳисоб иҷро шудани ин корҳо он замон маълумот дода нашуда буд.

Дар мақомоти шаҳрдорӣ ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар ин хусус ҳеҷ фармоише дода нашудааст ва маслиҳат доданд, ки ба ҳукумати ноҳияи Сино муроҷиат намоем.

Намояндагони дастгоҳи ин ноҳия аз шарҳи расмӣ худдорӣ варзиданд. Аммо кормандони қатории ҳукумат хабар медиҳанд, ки назди онҳо вазифа гузошта шудааст, ки намои хонаҳоро ранги тоза кунанд, лекин воситаҳо ба ин намерасад, аз ин рӯ, онҳо барои кумак ба сокинони хонаҳо муроҷиат менамоянд ва чамъоварии пул фақат ихтиёрӣ мебошад.

Қобили зикр аст, ки ба идораи “Азия-Плюс” аз дигар шаҳрҳои Тоҷикистон ҳам дар хусуси талаби пул барои ранг кардани намои хонаҳо хабарҳо мерасанд.

Масалан, ба сокинони шаҳри Истаравшан, ки имкони додани пул барои ин корро надоштаанд, тавсия додаанд, ки аз бонк қарз гиранд. Дар ин бора сокинон ба “Азия-Плюс” дар саҳифаи Фейсбук хабар додаанд.

Қобили зикр аст, ки таъмиру навсозии намои хонаҳо ва дигар иншоотро ҳукуматдорони маҳаллӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ нисбат медиҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.