Президент сифати автобусҳои “Акиа”-и дар Душанбе васлу насбшударо санҷид

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ имрӯз дар ноҳияи Фирдавсӣ ба фаъолияти заводи истеҳсоли автобусҳо оғози расмӣ бахшиданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, корхонаи муштарак иқтидори истеҳсолии автобусҳоро дар як сол то 300 адад расонида, шумораи кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ на кам аз 200 нафар хоҳад шуд. Ҳаҷми […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ имрӯз дар ноҳияи Фирдавсӣ ба фаъолияти заводи истеҳсоли автобусҳо оғози расмӣ бахшиданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, корхонаи муштарак иқтидори истеҳсолии автобусҳоро дар як сол то 300 адад расонида, шумораи кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ на кам аз 200 нафар хоҳад шуд. Ҳаҷми сармоягузорӣ барои бунёд ва ба роҳ мондани хати истеҳсоли воситаҳои нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар 90 млн. сомониро дарбар мегирад.

Гуфта мешавад, автобусҳои бандубастшуда ва истеҳсолшаванда мутобиқ ба меъёрҳои стандарти байналмилалии “Евро 5”, дорои муҳаррики ширкати бонуфузи “Мерседес Бенз” ва мутаҳаррики ширкати олмонии “Zahnrad Fabrik”, инчунин тамоми қисмҳои эҳтиётӣ ва васлу насбшаванда бо кафолати махсус ва сифати баланд аз ширкатҳои номдори аврупоӣ ва туркӣ харидорӣ карда мешаванд.

Тибқи нақша дар назар дошта шудааст, ки марҳила ба марҳила 5 намуди воситаи нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар истеҳсол карда шавад. Дар мадди аввал автобуси дохилишаҳрӣ бо дарозии 12 метр ва бо ғунҷоиши 98 нафар мусофир, ки дар он 26 ҷойи нишаст ва 72 ҷойи ғайринишаст истеҳсол мегардад.

Зикр мегардад, ки автобусҳо бо 5 камераи назоратӣ ва 2 экрани намоишдиҳанда, таҷҳизоти гармиву хунукидиҳанда (кондиционер) муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, ки баҳри бехатарӣ ва барҳаво ҳамлу нақли мусофирон хизматрасонӣ менамоянд. Дар назар дошта шудааст, ки марҳила ба марҳила истеҳсоли микроавтобус ва мошинҳои боркаш низ ба роҳ монда мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.