Билетҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон тӯли ду моҳ 53% гарон шуданд

Давоми ду моҳи аввали соли равон нархҳои истеъмолӣ ва хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ дар Тоҷикистон ба андозаи 1,2% (ҳамин давраи соли гузашта – 0,3% болоравӣ) боло рафтанд. Моҳҳои январ-феврали соли 2018 маҳсулоти хӯрокворӣ – 2,3%, хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ – 1% қимат шуда, маҳсулоти ғайриозуқаворӣ баръакс, ба андозаи 0,6 арзон шуд, хабар медиҳад Агентии омори […]

Давоми ду моҳи аввали соли равон нархҳои истеъмолӣ ва хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ дар Тоҷикистон ба андозаи 1,2% (ҳамин давраи соли гузашта – 0,3% болоравӣ) боло рафтанд.

Моҳҳои январ-феврали соли 2018 маҳсулоти хӯрокворӣ – 2,3%, хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ – 1% қимат шуда, маҳсулоти ғайриозуқаворӣ баръакс, ба андозаи 0,6 арзон шуд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки аз рӯи натиҷаҳои соли равон таваррумро дар сатҳи на бештар аз 7% нигоҳ дорад. Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта мизони таваррум дар Тоҷикистон 5,4%-ро ташкил дода буд.

Кадом маҳсулоту хизматрасониҳо моҳҳои январ-феврали соли 2018 аз ҳама бештар қимат шуданд?

Маҳсулоти хӯрокворӣ

карам – 23,5%

пиёз – 20,5%

орди навъи 1-ум – 5,5%

гӯшти гӯсфанд – 3,6%

Маҳсулоти ғайриозуқаворӣ

маснӯоти маишии дӯзандагиву бофандагӣ – 3,3%

пойафзол – 1,9%

воситаҳои шустан – 1,1%

дастгоҳу таҷҳизоти маишӣ – 1%

масолеҳи сохтмон – 0,9%

Хизматрасониҳои пулакӣ

равуо бо нақлиёти ҳавоӣ – 53%

равуо тариқи роҳи оҳан -2,9%

хизматрасониҳои меҳмонхонаҳо – 1,8%

хизматрасониҳои сартарошхонаҳо – 0,4%.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.