Президент дарҳои мактаби навро барои кӯдакон дар Душанбе боз намуд

Бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз дар кӯчаи Борбади ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 99 мавриди истифода қарор гирифт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, иншооти таълимӣ барои 1260 нафар дар ду баст пешбинӣ шуда, арзиши умумии харҷномавии мактаби рақами 99 дар маҷмӯъ зиёда […]

Бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз дар кӯчаи Борбади ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 99 мавриди истифода қарор гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, иншооти таълимӣ барои 1260 нафар дар ду баст пешбинӣ шуда, арзиши умумии харҷномавии мактаби рақами 99 дар маҷмӯъ зиёда аз 14 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, шароити таълим дар Муассиса бо назардошти талаботи замон фароҳам оварда шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар бинои мактаб моҳи апрели соли 2018 оғоз гардида, қабл аз муҳлат ба анҷом расонида шуд. Дар гузашта ин муассисаи таълимӣ хонандагонро то синфи 4 ба таҳсил фаро мегирифт.

Зикр мегардад, ки бинои замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 99 аз 3 ошёна иборат буда, дар маҷмӯъ дорои 27 синфхонаи бо аёнияти хониш муҷаҳҳаз мебошад. Иншоот бо системаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст буда, камераҳои назоратӣ дар ҳар як ошёна ва атрофи он насб карда шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.