Дар Якутск зидди муҳоҷирон гирдиҳамоии эътирозӣ ташкил шуд

Дар шаҳри Якутски Русия баъди таҷовузи як зан аз сӯи, гуфта мешавад, зодаи Осиёи Марказӣ, рӯзи душанбеи 18 март сокинони маҳаллӣ гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар гирдиҳамоӣ бештар аз 3 ҳазор сокини маҳаллӣ, аз ҷумла раиси Ёқутистон Айсен Николаев, шаҳрдори Якутск Сардана Авксентева ва дигар мансабдорони баландпоя ширкат карданд. […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар шаҳри Якутски Русия баъди таҷовузи як зан аз сӯи, гуфта мешавад, зодаи Осиёи Марказӣ, рӯзи душанбеи 18 март сокинони маҳаллӣ гирдиҳамоӣ ташкил карданд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар гирдиҳамоӣ бештар аз 3 ҳазор сокини маҳаллӣ, аз ҷумла раиси Ёқутистон Айсен Николаев, шаҳрдори Якутск Сардана Авксентева ва дигар мансабдорони баландпоя ширкат карданд.

Гуфта мешавад, Николаев мардумро ба муттаҳидӣ ва роҳ надодан ба амалҳои ғайриқонунӣ даъват кард. Вай ваъда кард, ки зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ мубориза хоҳад буд. "Агар зарур шавад, зидди муҳоҷирон чораҳои нави маҳдудкунанда қабул хоҳем кард", – гуфт Николаев.

Авксентева изҳор дошт, ки "бояд назму тартибот риоя шавад". Вай баъдтар дар саҳифаи Фейсбук навишт, ки гирдиҳамомадагон аз тасмими вай дар бораи тафтиши муассисаҳое, ки муҳоҷирон он ҷо кор мекунанд, ҳимоят кардаанд.

https://www.youtube.com/watch?v=cPCSK0x2-rU

Рӯзи якшанбе дар Якутск зидди муҳоҷирон гирдиҳамоии худҷӯш ташкил шуд. Хабари таҷовузи як сокини маҳаллӣ аз сӯи муҳоҷирон боиси гирдиҳамоии мардум гардид. Кумитаи тафтишотӣ гуфт, ки субҳи 17 март се марди ношинос як занро иҷборан дар мошин шинонда, ба самти номаълум бурдаанд. Баъди чанде зан ба мақомот хабар дод, ки таҷовуз шудааст.

Баъди гирдиҳамоӣ мақомоти қудратӣ масҷидҳои Якутскро зери назорат гирифтанд. Намозгузорон аз сокинон таҳдид шунида, ҳафт сокини маҳаллӣ ба як ронандаи автобус ҳамла карданд, ки муҳоҷир буд.

Зимнан зикр мегардад, ки ба гумони содир шудани таҷовуз мақомоти пулиси маҳаллӣ се касро боздошт кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.