Рустами Эмомалӣ 19 нафар раисони шаҳрҳои ҷаҳонро ба ҷашни Наврӯз даъват кард

Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ охири ҳафтаи гузашта ба раисони 17 шаҳри ҷаҳон, ки бародаршаҳри Душанбе мебошанд, ҷиҳати иштирокашон дар таҷлили ҷашни Наврӯз дар пойтахти Тоҷикистон даъватнома фиристод, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт.

Даъватномаи раиси шаҳри Душанбе ба унвони раисони шаҳрҳои Лусака (Замбия), Сано (Яман), Монастир (Тунис), Лоҳур (Покистон), Клагенфурт (Австрия), Боулдер (ИМА), Ройтлинген (Олмон), ҳамчунин Мазори-Шариф (Афғонистон), Теҳрон (Эрон), Шероз (Эрон), Санкт-Петербург (Россия), Минск (Беларус), Урумчӣ (Чин), Анқара (Туркия), Сямэн (Чин), Ашқобод (Туркманистон) ва Чиндао (Чин) ирсол шудааст.

Ғайр аз ин, Рустами Эмомалӣ ба мақомоти шаҳрдории Маскав ва Тошканд низ даъватнома фиристодааст.

Ёдрас мекунем, ки санаи 21 март дар майдони марказии шаҳри Душанбе бори нахуст дар таърихи Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни Наврӯз карнавали идона доир мегардад.

Дар он иштироки дорбозону масхарабозон, ҳунармандону овозхонон ва раққосон аз гӯшаву канори мамлакат – ҳамагӣ 26 ҳазор нафар дар назар аст.

Дар ҳамаи боғҳои фарҳангӣ – фароғатии Душанбе ва ноҳияҳои он 21 март сайругашти оммавии сокинон ва меҳмонони пойтахт доир мешавад. Мақомоти шаҳрдорӣ барои онҳо барномаҳои консертӣ, намоишгоҳҳо ва ҳар гуна озмунҳо ташкил менамоянд.

Чорабинии асосӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз 22 март дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт доир мегардад, ки дар он барномаи театрикунонидашудаи “Ганҷи Наврӯз” намоиш дода мешавад.

Рӯзҳои 23-24 март дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ” мусобиқоти гӯштӣ ва аспдавонӣ баргузор мегардад.

Ғолибони мусобиқот бо туҳфаҳои махсуси раиси шаҳри Душанбе сарфароз гардонида мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...