Сафир: ИМА аз дастрасии озод ба интернет ҷонибдорӣ мекунад

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои Asia-Plus

Сафири тозатаъини ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм зимни вохӯрии санаи 18 март бо журналистон изҳор намуд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз дастрасии озод ба шабакаи интернет ҷонибдорӣ мекунад.

Дар посух ба саволи журналистон дар мавриди болоравии нархи интернети мобилӣ дар Тоҷикистон, ки ҷиҳати дастрасӣ ба маълумот таъсири манфӣ мерасонад, дипломати амрикоӣ қайд кард, ки дастрасӣ ба маълумот нақши хеле муҳим дорад ва сарфи назар аз чӣ гуна будани он – ВАО-чопӣ, радио ё интернет, ҳамаи шаҳрвандон бояд аз он бархӯрдор бошанд.

“ИМА мавқеи зарурати таъмини дастрасӣ ба маълумотро дар саросари ҷаҳон дастгирӣ мекунад. Ин назари умумии мост нисбати ин масъала ва табиист, ки бо ҳукуматҳои кишварҳои гуногун мо рӯйи ин масъала кор мекунем, то ки барои таъмини аҳолӣ ба дастрасӣ ба маълумот кумак кунем”, – қайд кард сафир.

Ёдрас мекунем, ки Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон бо фармоиши худ аз операторони мобилӣ талаб кард, ки арзиши 1 Мб интернетро дар ҳаҷми на камтар аз 5 дирам муқаррар намоянд.

Айни замон як гигабайт интернет дар операторони мобилии Тоҷикистон тақрибан 30-35 сомонӣ нарх дорад. Аз 27 март нархи он бе назардошти андозҳои ғайримустақим 51 сомонӣ ва бо назардошти ААИ – 18% ва аксиз – 5% на камтар аз 63 сомонӣ (6,7 доллар)-ро ташкил хоҳад дод.

Дар робита ба масъалаи гузоришҳо доир ба поймолкунии ҳуқуқҳои инсон дар Тоҷикистон сафир зикр кард, ки Ҳукумати ИМА бо Тоҷикистон рӯйи ин масъала ҳамкорӣ мекунад.

Бино ба гуфтаи ӯ, масъалаи риояи ҳуқуқҳои инсон зимни муколамаҳои доимии“Машваратҳои Тоҷикистону ИМА” ва ҳамчунин дар вохӯриҳои ҷудогона баррасӣ мешавад.

“Воӯриҳо бо он мақсад гузаронида мешаванд, ки ба Ҳукумати Тоҷикистон дар таъмини фазои бештар барои иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳаёти сиёсӣ кумак расонида шавад. Табиист, ки дар ин маврид мо назари худро дошта, лекин ба ҷараёнҳои дохилӣ дахолат намекунем”, – иброз дошт ӯ.

Афзалиятҳои фаъолияти худро дар Тоҷикистон Поммершайм чунин номбар кард: таҳкими соҳибистиқлолӣ ва амнияти сарҳадҳои Тоҷикистон, афзоиши ҳаҷми муомилоти мол дар минтақа, рушди ҳамкориҳо бо ҳукумати Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ.

Ҷон Марк Поммершайм таъкид дошт, ки ИМА ба густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ҳамсоякишварҳо мусоидат хоҳад кард, ки ин дар навбати худ, ба таъмини бештари амният дар минтақа мусоидат менамояд.

Дипломат зикр кард, ки танҳо давоми соли 2017 ИМА тариқи USAID барои рушди Тоҷикистон 35 млн. доллар маблағ ҷудо кардааст. Ҳамчунин соли гузашта ИМА барои беҳбуди малакаҳои кории кормандони сохторҳои қудратии кишвар онҳоро бо дастгоҳу таҷҳизоти хушсифат ба маблағи 20 млн. доллар таъмин намуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...