Оғози татбиқи лоиҳаи барқарорсозии нерӯгоҳи Норак

Asia-Plus

Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба Соли нави миллӣ – ҷашни байналмилалии Наврӯз, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи як зумра иншооти таъйиноти гуногун ба шаҳри Нораки вилояти Хатлон ташриф овард.

Дар доираи сафар президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак ба корҳои татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии Нерӯгоҳи барқи обии “Норак” оғози расмӣ бахшида, бо ҷараёни навсозии агрегатҳо шинос шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи тарҳи корҳои таъмири асосии неругоҳ пешкаш гардид.

Тавре қайд мешавад, айни замон, бинобар кӯҳнаю фарсуда гардидани таҷҳизоти асосӣ, нерӯгоҳ тахминан бо иқтидори 2600 МВт фаъолият менамояд.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак” иқтидори лоиҳавии неругоҳ аз 3000 ба 3300 МВт бардошта шуда, дар маҷмӯъ бо назардошти тавоноии барқароршаванда иқтидори истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳ 700 МВт зиёд, сатҳу сифати хизматрасонӣ дар неругоҳ беҳтар ва таъминоти неруи барқ дар кишвар ба таври назаррас баланд хоҳад гардид.

Зикр мегардад, ки давоми солҳои 2015-2016 дар доираи ҳамкории ҳукумати Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ ва ҷалби ширкати мушовирӣ аз Франсия асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи “Таҷдиди Неругоҳи барқи обии Норак ва таъмини бехатарии садд”-и он омода карда шуд.

Тибқи асоснокунии техникӣ-иқтисодии гузаронидашуда, маблағи умумии таҷдиду навсозии неругоҳ то 700 миллион доллари америкоӣ арзёбӣ гардидааст. Муҳлати умумии татбиқи лоиҳа 10 солро ташкил дода, бо дарназардошти дастрасии маблағҳо лоиҳа дар ду марҳила амалӣ хоҳад шуд.

Марҳилаи якуми лоиҳа аз 4 қисм – иваз намудани 3 адад агрегат ва таҷҳизоти ёрирасони онҳо, иваз намудани автотрансформаторҳо (6 адад автотрансформаторҳои якфазаи 220/500кВ) ва таъмини бехатарии садд иборат буда, муҳлати татбиқи он давоми 5 сол (солҳои 2019-2023) пешбинӣ гардидааст.

Дар маҷмӯъ, то имрӯз барои маблағгузории лоиҳа 326,9 млн. доллари америкоӣ ҷалб гардидааст, ки аз он 169 миллиону 134 ҳазор доллар – қарз ва 57 миллиону 800 ҳазор доллар гранти Бонки ҷаҳонӣ, 60 миллион доллар қарзи Бонки осиёгии сармоягузории инфрасохторӣ ва 40 миллион доллар қарзи Бонки авруосиёгии рушд мебошад.

Марҳилаи дуюми лоиҳа таҷдиди 6 агрегати боқимонда ва таҷҳизоти ёрирасони неругоҳро дар бар гирифта, он давоми 5 сол (солҳои 2024-2028) бо арзиши 148, 6 млн. доллар татбиқ хоҳад гардид.

Зимни шиносоӣ бо тарҳи лоиҳаи таъмири асосии Неругоҳи барқи обии “Норак” Президенти мамлакат ба роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ барои назорати иҷрои босифати корҳо супоришҳои мушаххас дода, ба ширкати пудратии лоиҳа – ширкати австриягии “Andritz Hydro”, мушовири лоиҳа – ширкати шветсариягии “Stucky Ltd”  ва зерпудратчии лоиҳа – ширкати ватании “Тоҷик СГЭМ” ҷиҳати татбиқи саривақтии лоиҳа маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуд.

Зимнан зикр мегардад, ки Нерӯгоҳи барқи обии “Норак” бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Корҳои сохтмонии он соли 1961 оғоз гардида, 26 марти соли 1966 маҷрои дарёи Вахш баста шуд. Агрегати якуми неругоҳ бо иқтидори 300 МВт 15 ноябри соли 1972 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Неругоҳ аз 9 агрегат иборат буда, аз соли 1979 бо иқтидори пурраи 2700 МВт кор кардааст. Соли 1988 дар натиҷаи таҷдиди агрегатҳо иқтидори лоиҳавии неругоҳ 8 агрегат бо 335 МВт ва 1 адад бо 320 МВт ба 3000 МВт расонида шуд.

Имрӯз дар Неругоҳи барқи обии “Норак” 710 нафар корманд, аз ҷумла 160 нафар занон фаъолият доранд. Шумораи ҳайати муҳандисӣ-техникии неругоҳ 204 нафарро ташкил медиҳад.

Обанбори “Норак” обанбори танзими солона ба ҳисоб рафта, аз саргаҳи дарғот дар масофаи 70 километр тӯл кашидааст. Ҳаҷми обанбор 10,5 километри мукааб буда, аз ин 4,5 километри мукааби он барои истеҳсоли неруи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон истифода бурда мешавад. Дарғоти (садди) неругоҳ маҷмааи гидротехникии сангу гилӣ буда, бо баландии 300 метр имрӯз дар ҷаҳон баландтарин дарғоти сангу гилӣ ба шумор меравад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт

Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигори тоҷик ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории ноҳияи Рашт имрӯз, 28-уми март, дар 59-солагӣ дар Душанбе аз олам чашм баст. Хабари даргузашти марҳумро...

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...