«ТезСум» аз Tcell – ҳамёни шахсии шумо барои пардохтҳои фаврӣ!

Иттилоияи расмӣ

Ширкати Tcell дар бораи роҳандозии замимаи «ТезСум» барои пардохтҳои ғайринақдӣ ва интиқоли маблағҳо эълон дошт!

«ТезСум» – барномаи ройгони мобилӣ буда, мушкилоти ҷустуҷӯи терминалҳои пардохтро ҳал, вақти шуморо аснои пардохтани ҳисобҳо, аз ҷумла, пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ, интернети хонагӣ ва ТВ, ҷаримаҳои ҳаракат дар роҳ ва ғайра сарфа менамояд!

Ба ғайр аз ин, Шумо метавонед корти бонкиатонро ба барнома пайваст карда, тавассути системаи пардохтҳои бонкии “Корти Миллӣ” ҳама гуна пардохтҳоро мустақиман аз кортатон анҷом диҳед.  Ҳамчунин, Шумо имкон доред тариқи як корти бонкӣ ба дигар корт маблағҳоро интиқол диҳед. 

 «Вақте мо ба коркард ва таҳияи барномаи «ТезСум» оғоз кардем, қабл аз ҳама дар бораи роҳатӣ ва осонии кори истифодабарандагон фикр кардем. Дунё аллакай ба давраи диҷитол (рақамӣ) ворид гардида, тиҷорати клоссикии “дар коғаз” дигар муассир нест, барои ҳар як одам вақту дақиқа ғанимат аст, суръат ва самара дар ҷои аввал қарор мегирад: чӣ дар вақти иртибот бо наздикону пайвандон ва чӣ дар ҷараёни кор, инчунин ҳангоми пардохти ҳама гуна маблағҳои пардохтӣ. Tcell тарҳҳои зиёди гузариш ба “диҷитол”-ро амалӣ менамояд. Барои мо муҳим аст, ки муштариёнамон дар Тоҷикистон аз дастовардҳои навтарини технология истифода бурда тавонанд”,- мегӯяд директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Замимаи «ТезСум»-ро дар App Store ва Google Play боргирӣ карда метавонд. Барои кор бо барнома фақат пайваст будан бо Интернет басанда аст. Сабти ном (бақайдгирӣ) дар замима тавассути рақами телефон анҷом мепазирад.   

Пур кардани ҳамён бо се тарз мумкин аст:

1. Агар Шумо муштарии Tcell бошед, тавозуни мобилиатон мустақиман (бевосита) ба  «ТезСум» пайваст аст. Аз тавозуни телефон бо осонӣ ба тавозуни ҳамёнатон пул гузаронида метавонед.

2. Бо дилхоҳ корти бонкии “Корти Миллӣ” тавозуни ҳамёнро пурра кардан мумкин аст.

3. Ҳамчунин, пур кардани тавозуни барнома тавассути терминалҳо имконпазир аст.   Барои осонии кори Шумо дар барнома харитаи ҷойгиршавии марказҳои хизматрасонии Tcell ва терминалҳо нишон дода шудааст, ки дар он ҷойҳо метавонед ҳамёнатонро пурра намоед.   

ариқи барномаи «ТезСум» дар ҳар вақту соат ҳисобҳоро пардохт кардан мумкин аст.   Замимаи мазкур хеле содда, осон ва қулай аст, аз ҳама муҳимаш он ҳангоми истифода бехатар аст. «ТезСум» бо рамзи инфиродӣ ҳимоя шуда, онро фақат худи истифодабаранда медонад. Инчунин, тавассути изи ангушт низ ҳимоя шудааст.

Ба ғайр функсияи пардохт корбарон метавонанд ба воситаи ин барнома хароҷоти худро ҳангоми амалиётҳо таҳлил намоянд!

Бо замимаи  «ТезСум» аз Tcell барои пардохти ҳисобҳо вақту соати Шумо беҳуда намегузарад!  

Маълумоти муфассалро аз ин нишонӣ дарёфт карда метавонед: http://tezsum.tj/

___________________

 Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...