Ҷавобгарии натанҳо маҳбусон, балки намояндагони маъмурияти зиндони Хуҷанд низ ба исён

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

“Барои ташкили исён ва бетартибиҳо дар муассисаи ислоҳии №3/3-и шаҳри Хуҷанд, ки шаби 8 ноябри соли гузашта рух дод, 33 нафар маҳкумшудагон дар курсии ҷавобгарӣ нишастаанд”, – изҳор дошт прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар иылосияи палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар аробари маҳкумшудагон ҳамчунин 9 нафар кормандони муассиса, аз ҷумла сардори он ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб шудаанд. Мурофиаи баррасии ин парванда имрӯзҳо пушти дарҳои пӯшида дар шаҳри Хуҷанд ҷараён дорад.

Онҳо аз рӯи қисми 2, моддаи 322 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ( Хунукназарӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гаштааст) айбдор карда мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки ошӯб дар зиндони зикршудаи шаҳри Хуҷанд, ки дар он маҳкумшудагон барои терроризму ифротгароӣ низ адои ҷазо мекунанд, шаби 8 ноябри соли 2018 сар зада, баъди чанд соат саркӯб карда шуд.

Дар натиҷаи ин ҳодиса, тибқи маълумот Душанбеи расмӣ, 21 нафар ошӯбгарон кушта шуданд. Ҳамчунин ду корманди муассиса низ кушта шуда, панҷ нафар зиндонбонон ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.

Баъди гузашти муддате аз ҳодиса якчанд нафар кормнадони муассиса бо шумули сардори он Файзуллоҷон Сафаров ба ҳабс гирифта шуданд. Сипас Иззатулло Шарифзода, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон ва 7 нафар прокуророни нозироти прокуратури вилояти Суғд аз мақомҳояшон  барканор шуданд.

Рӯзи 23 ноябр Мансурҷон Умаров, ки қаблан ба ҳайси муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ифои вазифа мекард, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ таъин шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...