Раиси ВМКБ муовини раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд

Дар иҷлосияи имрӯзаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон раиси ВМКБ Ёдгор Файзов якдилона муовини раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ интихоб шуд. Ёдгор Файзов, ки санаи 4 марти соли ҷорӣ узви Маҷлиси миллӣ интихоб шуда буд, назди аъзои палатаи болии парлумони кишвар ба мардум ва Конститутсияи Тоҷикистон савганди садоқат ёд кард. Ба мансаби иҷрокунандаи вазифаи раиси […]

Дар иҷлосияи имрӯзаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон раиси ВМКБ Ёдгор Файзов якдилона муовини раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ интихоб шуд.

Ёдгор Файзов, ки санаи 4 марти соли ҷорӣ узви Маҷлиси миллӣ интихоб шуда буд, назди аъзои палатаи болии парлумони кишвар ба мардум ва Конститутсияи Тоҷикистон савганди садоқат ёд кард.

Ба мансаби иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ Ёдгор Файзов санаи 1 октябри соли 2018 таъин шуда, Шодихон Ҷамшедро дар ин вазифа иваз намуд.

Дар иҷлосияи имрӯза ваколатҳои узви Маҷлиси миллӣ, собиқ раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода қатъ шуд.

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 14 январи соли равон ӯ аз вазифаи раиси вилояти Хатлон озод карда шуда, роҳбари Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон таъин шуд. Мутобиқи меъёрҳои қонунгузории ҷумҳурӣ, ӯ дигар наметавонад курсии ҳама гуна сатҳи вакилиро ишғол намояд.

Ёдрас мекунем, ки 25 нафар аъзои Маҷлиси миллиро вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ (5-нафарӣ аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) интихоб намуда, 8 нафарро президенти Тоҷикистон бо фармони худ таъин мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.