Tcell ва AKF барои хонандагони ВМКБ дарича ба дунёи технологияҳои иттилоотиро боз менамоянд

Ширкати Tcell муштаракан бо Бунёди Оғохон (Aga Khan Foundation – AKF) ба татбиқи барномаи мудернсозии макотиби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз намуданд. Тарҳи мазкур мукаммалсозии барномаҳои таълимӣ дар мактабҳо ва таъмини мадорис бо Интернетро ҳадафи худ қарор дода, ҳамзамон ба ин васила дастрасии хонандагонро бо дастовардҳои муосир дар бахши иттилооту коммуникатсияи омӯзиш таъмин  хоҳад кард.  […]

Иттилоияи расмӣ

Ширкати Tcell муштаракан бо Бунёди Оғохон (Aga Khan FoundationAKF) ба татбиқи барномаи мудернсозии макотиби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз намуданд. Тарҳи мазкур мукаммалсозии барномаҳои таълимӣ дар мактабҳо ва таъмини мадорис бо Интернетро ҳадафи худ қарор дода, ҳамзамон ба ин васила дастрасии хонандагонро бо дастовардҳои муосир дар бахши иттилооту коммуникатсияи омӯзиш таъмин  хоҳад кард. 

Лоиҳаи мудернсозии мактабҳои ВМКБ бо мақсади пайваст кардани даҳҳо таълимгоҳ бо Интернет ва бо ин роҳ беҳтар сохтани ҷараёни таълим, инчунин рушди касбияти омӯзгорон роҳандозӣ мегардад. Ин роҳкор имконият медиҳад, ки муаллимон дараҷаи тахассуси худро мутобиқ бо барномаҳои байналмилалии таълимӣ боло баранд. 

 Ширкати Tcell дар марҳилаи аввали лоиҳа таҷҳизонидани ду синфхонаи компютерӣ дар шаҳри Хоруғ: мактабҳои №2 ва №9 –ро ба анҷом расонда, ҳар ду мактаб бо Интернети баландсуръат пайваст гардиданд. Ҳамакнун, 600 толибилми ин даргоҳҳо имконият доранд, ки бо истифода аз фанновариҳои ҷадид дониши худро мукаммал сохта, савияи омӯзишашонро тақвият бахшанд. Инчунин, 77 омӯзгор аз ин макотиб роҳу усулҳои нави таълимро мувофиқ ба меъёрҳои пазируфтаи байналмилалӣ аз худ менамоянд.  

Дастгирии бахши маориф (омӯзиш ва парвариш) – яке аз ҳадафҳои стратегии ширкати Тcell маҳсуб мегардад. Tcell маъракаҳои марбут ба омӯзишро зиёд баргузор намуда, ҳамчунин чорабинӣ ва тарҳҳои маорифу парваришро дастгирӣ менамояд. Ширкат кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки саводу донишҳои Интернетиро миёни насли наврасу ҷавонон баланд бардорад, тарзи дурусти истифода аз ин шабакаи ҷаҳонӣ, имкониятҳои рушду худшиносиро бо воситаи зарфиятҳои ҷадиди технологӣ боло бардорад.

«Мо дар Tcell бо камоли майл ташаббуси мудернсозии техникии макотиби ВМКБ-ро дастгирӣ намудем. Азбаски минтақаи Бадахшон аз дидгоҳи ҷуғрофӣ дар минтақаи мураккаб қарор дорад, на ҳама вақт талабагон ба Интернету навгониҳои илму техника дастрасӣ пайдо мекунанд. Ногуфта намонад, ки барои омӯзиши хубу ҳаматарафа таъмини макотиб бо Интернет аз масоили меҳварӣ маҳсуб мегардад. Бо дастрас шудани шабакаи ҷаҳонӣ ва шиносоӣ навовариҳои иттилоотӣ омӯзгорону хонандагон ба ҷаҳони наву муосир ворид мешаванд»,- иброз дошт директори генералии Tcell Озодхон Давлатшоев.

«Лоиҳаи мудернсозии макотиби ВМКБ-ро дастгирӣ кардани Tcell аз он дарак медиҳад, ки ин ширкат ба усулҳои роҳбурдӣ ва фаъолияти хеш дар амри татбиқи барномаҳои иҷтимоии кишвар содиқ аст. Кӯмак ба мактабу маориф, аз ҷумла ба мактабҳои миёна барои муаллимон ва хонандагон рӯҳияи наву эҷодкориро ба вуҷуд меорад»,- илова кард роҳбари барномаҳои маорифи Фонди Оғохон Нафиса Гулшаева.  

___________________

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.