Манбаъ: хизматрасониҳои мобилӣ шояд 50% гарон шаванд

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Операторони алоқаи мобилӣ кӯшиш доранд, ки ба ҳар гунае ба бозбинии фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар бораи болоравии нархҳо ба интернети мобилӣ ё то ба ҳадди ақал расонидани ин болоравӣ мусоидат кунанд.

Айни замон пешниҳоди болоравии нарх ба хизматгузориҳои мобилӣ на ба андозаи 2-3 баробар, балки 50% мавриди баррасӣ қарор дорад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ аз ин масъала.

“Операторон барои ҳимояи муштариён аз беҳад болоравии нархҳо ба хизматрасониҳои мобилӣ хеле зиёд талош доранд. Онҳо бо Хадамоти зиддиниҳосиорӣ ва ҳукумат дар ин маврид фаъолона гуфтушунид ва ҳамкорӣ доранд. Маълум нест, ки ин қабул мешавад ё не. Ман фикр дорам, ки то санаи 1 апрел як равшание доир ба ин масъала рӯйи кор меояд”, – гуфт манбаъ.

Мувофиқи фармоиши Хадамоти зиддинҳисорӣ, аз 27 март операторони мобилӣ бояд ба интернети мобилӣ тарифҳои нав муқаррар созанд: 1 Мб – на камтар аз 5 дирам. Яъне нархи 1 гигабайти интернет бояд 2-3,5 маротиба боло равад. Ҳамчунин тибқи ин фармоиш, болоравии арзиши гуфтугӯ тариқи NGN 10 баробар – аз 10-12 дирам то ба 1,2 сомонӣ ва зангҳои дохили шабака – аз 1 дирам то ба 12 дирам пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки санаи 26 март Вазорати адлияи Тоҷикистон изҳор намуд, ки Фармоиши зикршудаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар рӯйхати Вазорати адлияи Тоҷикистон ба қайд гирифта нашуда, мутаносибан барои танзими нархҳо ба хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ асос шуда наметавонад.

Лекин рӯзи 27 март дар Хадамоти зиддинҳисорӣ ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуданд, ки ин ниҳод ба қайди дастуру фармоишҳои худ дар феҳристи Вазорати адлияи ҷумҳурӣ уҳдадор нест.

“Мо танҳо баъзе санадҳои меъёриву ҳуқуқиро дар он ҷо ба қайд мегузорем. Васоити ахбори умум дар бораи изҳороти Вазорати адлия дар ин робита иттилоъ доданд, лекин мо нисбати ин Вазорат ҳеҷ даъвое надорем, чунки ҳеҷ мактубе ин ниҳод ба мо нафиристодааст” – хабар дода буданд аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ.

Дар ҳамин ҳол, ҳуқуқшинос Наврӯз Одинаев дар шарҳи ин изҳороти Хадамоти зиддиинҳисорӣ зикр кард, ки онҳо ба қайди фармоишҳои худ уҳдадор нестанд, агар онҳо хусусияти инфиродӣ дошта бошанд, яъне нисбати субъекти мушаххас содир шуда бошанд.

“Вале ин фармоиш умумиҳатмӣ буда, бояд ба қайд гирифта шавад”, – зикр карда буд ҳуқуқшинос.

Дар Хадамот қайд карданд, ки фармоиш дар бораи болоравии тарифҳо ба интернети мобилӣ аллакай мавриди амал қарор гирифта, ширкатҳои мобилӣ ба иҷрои он уҳдадоранд. Лекин операторони мобилӣ то ҳанӯз ба иҷрои он шитоб надоранд.

Интизорӣ мерафт, ки масъалаи арзиши интернет ба таври ниҳоӣ дар маҷлиси рӯзи 28 марти ҳукумат ҳаллу фасл мешавад, лекин маълум нест, ки ин масъала дар он ҷо баррасӣ шуда бошад ё не.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...