Дар Тоҷикистон кӣ бояд изи ангушт супорад?

Вақте Хадамоти алоқа яке аз сабабҳои сабти такрории сим-кортҳо (бо шиносномаи нав, ки дар он изи ангушт сабт шудааст)-ро “пешгирӣ аз қонунвайронкуниҳо, таҳдиди терроризм ва экстремизм” шарҳ дод, мо суол гузоштем, ки кӣ бояд изи ангушт супорад. Тибқи моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ» шахсоне таҳти бақайдгирии давлатии дактилоскопии ҳатмӣ қарор […]

Asia-Plus

Вақте Хадамоти алоқа яке аз сабабҳои сабти такрории сим-кортҳо (бо шиносномаи нав, ки дар он изи ангушт сабт шудааст)-ро “пешгирӣ аз қонунвайронкуниҳо, таҳдиди терроризм ва экстремизм” шарҳ дод, мо суол гузоштем, ки кӣ бояд изи ангушт супорад.

Тибқи моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ» шахсоне таҳти бақайдгирии давлатии дактилоскопии ҳатмӣ қарор мегиранд, ки:

– дар содир намудани ҷиноят гумонбар шудаанд, ба ҳабс гирифта шудаанд, айбдор ва маҳкум карда шудаанд, инчунин шахсоне, ки ҳангоми содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, садамаи роҳи барои муайян кардани шахсият кӯмак мекунанд;

– ба хизмати ҳарбӣ, хизмат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин ба кор дар корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва ё воҳидҳои сохтории онҳо, ки фаъолияти кориашон ба ҳаёти кормандон хатари калон дорад ё бо режими махсуси махфӣ алоқаманд аст, бо номгӯи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда қабул карда мешаванд;

– ба мақомоти корҳои дохилии ҷои истиқоматашон барои гирифтани иҷозатномаи истифодабарии яроқи оташфишон муроҷиат мекунанд;

– бо сабаби вазъи саломатӣ ва ё синну сол дар бораи шахсияти худ маълумот дода наметавонанд;

– дар ҳудуди минтақаҳои фавқулоддаи хавфноки дорои хусусиятҳои табиӣ ва техногенӣ истиқомат менамоянд;

– шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки аз қудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда мешаванд.

– шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи панноҳгоҳ меоянд, таҳти бақайдгирии давлатии дактилоскопии ҳатмӣ қарор мегиранд.

– таҳти бакайдгирли давлатии дактилоскопии ҳатмӣ инчунин ҷасадҳои шахсияташон номаълум қарор мегиранд. (ҚҶТ аз 29.12.10с №647)

Чаро ин мавзуъ мубрам гардид?

Чанде пештар Хадамоти алоқа дар номаи расмии худ иброз намуд, ки сим-кортҳо бояд бо шиносномаи нав, ки дар он изи ангуштҳо сабт шудааст, аз нав ба қайд гирифта шаванд.

Ёдовар мешавем, ки ширкати ҳуқуқии “Ҳимоя” ба Дастгоҳи Президенти Тоҷикистон мактуб навишта, зикр намуд, ки бо шиносномаи нави дорои изи ангушт сабт кардани сим-кортҳо бо қонунгузории кишвар мухолифат мекунад. Ин мактубро аз Дастгоҳи Президент ба Хадамоти алоқа фиристодаанд:

“Вақти он расидааст, ки барои пешгирии қонунвайронкунӣ, ҷинояткорӣ, таҳдиди терроризм ва экстремизм, ки тариқи телефонҳои мобилӣ содир карда мешаванд, изи ангуштони муштариҳо гирифта шавад”,-гуфта мешавад дар мактубе, ки 20 март санагузорӣ шудааст.

Дар ин мактуб Хадамоти алоқа ба дархости ширкати “Ҳимоя” вобаста ба мушаххас кардани қонунӣ будани сабти дубораи сим-кортҳо бо шиносномаи нав, ки моҳи феврали соли равон маълум гардид, посух гардонидааст.

Дар мактуб омадааст, ки “дар сурати содир шудани ҷиноят, аз рӯйи изи ангушти муштариён пайдо кардани содиркунандаи ҷиноят осон мегардад”.

“Дар робита ба ин ва аз сабаби он, ки дар шиносномаҳои нав (ID-карта, – аз нашрия) изи ангушт гирифта мешавад, зарурати дигарбораи сабти сим-кортҳо бо шиносномаи нав пеш омад”,-гуфта мешавад дар мактуб.

Ба қавли ҳуқуқшиноси ширкати “Ҳимоя” Наврӯз Одинаев онҳо ба Дастгоҳи Президент бо мактуб муроҷиат намудаанд ва дар он аз ҷумла гуфта мешавад, ки аз нигоҳи онҳо тағйироте, ки тибқи он сим-кортҳои бо шиносномаи соли 1996 гирифташуда, бояд аз нав сабт карда шаванд, ба қонунгузории ҷории кишвар мухолифат мекунад. Ин тағйирот дар қарори ҳукумат оид ба “Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаҳои алоқаи барқӣ ва хизматрасонии вобаста ба он”, ки моҳи феврали соли равон содир шудааст, зикр ёфтааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон 0,46 кг партови сахт ба як нафар дар як рӯз ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.