Тӯли як шабонарӯз дар Тоҷикистон 36 ҳодисаи тармафароӣ ва сангреза ба қайд гирифта шуд.

Бар асари боришоти шадид эҳтимоли ҳодисаҳои нави тармафароӣ ва сангреза вуҷуд дошта, вазъ дар роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Сангвор ва Хоруғ-Ишкошим нисбатан душвортар аст. Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Шуғнони ВМКБ ва ноҳияи Сангвор, ҳамчунин дар қитъаҳои роҳи автомобилгарди Душанбе – Чанок ҳодисаҳои фаромадани тарма ва сангреза ба қайд гирифта шудааст. Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави […]

Asia-Plus

Бар асари боришоти шадид эҳтимоли ҳодисаҳои нави тармафароӣ ва сангреза вуҷуд дошта, вазъ дар роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Сангвор ва Хоруғ-Ишкошим нисбатан душвортар аст.

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Шуғнони ВМКБ ва ноҳияи Сангвор, ҳамчунин дар қитъаҳои роҳи автомобилгарди Душанбе – Чанок ҳодисаҳои фаромадани тарма ва сангреза ба қайд гирифта шудааст. Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Тоҷикистон ҳамагӣ 20 ҳодисаи фаромадани тарма ва 16 ҳодисаи сангреза рух додааст.

Бино ба гуфтаи роҳбари маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ, бар асари фаромадани тарма дар деҳа Дараи Ҳайрони ноҳияи Сангвор 4 хоҷагии ёрирасони сокинон хароб шуда, дар натиҷа саршумори чорво нобуд шудааст.

Зикр шуд, ки шиддати беш аз ҳадди интизори борон дар куҳҳо ва теппаҳо боиси фарсоиши хок ва ҳаракати он мешавад, сатҳи оби дарёву рӯдхонаҳо, ҳавзҳову обанборҳо боло меравад. Дар ин гуна ҳолатҳо маъмулан хатари резиши санг, лағзиши тарма ва омадани сел зиёд аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ боисрор даъват мекунад, ки аз сафар ба ҷойҳои эҳтимоли тармафароӣ вуҷуддошта, ҷамъоварии алафу дигар растаниҳо дар қитъаҳои кӯҳӣ худдорӣ намуда, ҳушёру зирак ва эҳтиёткор бошанд.

Хотиррасон мекунем, ки дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода ё эҳтимоли рух додани ҳодисаҳои нохуш, шаҳрвандон метавонанд ба телефонҳои зерини фаврии навбатдори Кумита муроҷиат намоянд: 93 880 28 19; 221-91-19 ва 223-13-11.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.