Боздошти 14 нафар дар робита ба ҳодисаи тирпарронӣ дар Бохтар

Сайраҳмон Назриев, махсус барои Asia-Plus

Ба гумони иштирок дар ҳодисаи муноқиша бо типарронӣ нимаи моҳи март дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) 14 нафар боздошт шудаанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон хабар дод, аз рӯи далели ҳодисаи муноқиша бо тирпааронӣ, ки шоми 17 март дар Бохтар  рух дод, мутобиқи моддаҳои 195 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан,  ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан,  нигоҳ доштан, интиқол додан гирифта гаштани яроқ,  лавозимоти ҷангӣ,  моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш) ва қисми 3-и моддаи 237 (Авбошӣ)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвнадаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Бино ба гуфтаи манбаъ, миёни боздоштшудагон сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии ШВКД шаҳри Бохтар Довар Солеҳов ва бародари ӯ Масрур Солеҳов – роҳбари яке аз воҳидҳои Вазорати нақлиёт дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ҳузур доранд. Ҳамчунин аъзои як оила – 4 бародарон Султоновҳо, сокинони шаҳри Сарбанд низ боздошт шудаанд.

Дар бораи боқимонда боздоштшудагон ва сабаби сар задани муноқиша манбаъ маълумот надод.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи дигари “Азия-Плюс” дар низоми судӣ хабар дод, ки дар доираи ин парвандаи ҷиноятӣ 16 нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб шудаанд, ки 13 нафарашон дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО) ва боз 3 нафар бо сабаби ҷароҳатҳои гуногун бардоштан, дар муолиҷа қарор доранд.

Ҳарду манбаъ илова намуданд, ки барои тафтиши ин ҳодиса аз ҳисоби кормандони прокуратура, милитсия ва КДАМ таҳти роҳбарии Прокуратураи генералии кишвар гурӯҳи тафтишотӣ таъсис дода шудааст.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 17 март ҷанҷол байни ду гурӯҳ дар мавзеи назди бозори “Ҳоҷӣ Шариф”-и шаҳри Бохтар ба тирпарронӣ бадал шуд. Муноқиша гӯё барои қарзи пулӣ сар зада, лекин дар бораи кадом қарзҳо сухан меравад, маълум нест. Дар натиҷа яке аз иштирокчиёни муноқиша – сокини маҳаллӣ Бахтовар Саъдуллоев аз силоҳи пневматикӣ захм гирифт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...