Мушаррафа Қосимова аз олам даргузашт

Asia - Plus

Мушаррафа Қосимова – "модари театри тоҷик" шаби гузашта, 1 апрел, дар синни 102солагӣ дунёро тарк гуфт. Ӯ то охирин лаҳзаҳои умр дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекард.

Дар ин бора ба “Азия – Плюс” вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода иттилоъ дод. Ӯ гуфт, ки ҷасади ин ҳунарманди маъруф имрӯз, 2 апрел дар оромгоҳи Сариосиё ба хок супорида мешавад.

Вазири фарҳанг даргузашти Мушаррафа Қосимоваро “талафоти бузург барои фарҳанг ва ҳунари тоҷик” номида, зикр кард, ки ӯ дар театри тоҷик соҳибмактаб буд ва яке аз бунёдгузорони театр ба шумор мерафт.

19-уми декабри соли 2018 вазири фарҳанги Тоҷикистон ва як гурӯҳе аз ходимони театри ҷумҳурӣ ба аёдати Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Мушаррафа Қосимова рафта, ӯро бо 100-солагиаш табрик намуда буданд. Он замон вазири фарҳанги кишвар гуфта буд, ки “тамоми кормандони театри кишвар шуморо (Мушаррафа Қосимоваро.- аз нашрия) устод ва модари худ медонанд ва аҳли театри тоҷик бо шумо ифтихор мекунанд”.

Мушаррафа Қосимова ҳамсари Муҳаммадҷон Қосимов, ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ ва модари Фаррух Қосимов, бунёдгузори театри "Аҳорун" дар Тоҷикистон буд. Ӯ 19 декабри соли 1917 дар, дар гузари Чорраҳаи шаҳри Самарқанд чашм ба олами ҳастӣ кушод. Соли 1930 баъд аз кӯч бастани оилааш аз Самарқанд ба Душанбе ба Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Тошканд дохил шуд. Аммо дертар падарашро "душмани халқ" эълон карданд ва Мушаррафа Қосимова маҷбур шуд барои таъмини зиндагии хонаводааш барои кор ба театр дохил шавад.

Мушаррафа Қосимова нахуст бо Абдулҳақ Усмонов издивоҷ кард, ки соли 1942 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар наздикии Сталинград кушта шуд. Соли 1946 вай бо ҳунарманди маъруф Муҳаммадҷон Қосимов издивоҷ намуд. Дар тӯли фаъолияти ҳунариаш Мушаррафа Қосимова дар театр ва синамо садҳо нақш иҷро кардааст.

Ӯ ҳамчун ҳунарпешаи Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ (1937-1983) ва аз соли 1989 – дар театра-студияи «Гаҳвора» ҳунарнамоӣ намудааст. Дар кинематографи тоҷик аз соли 1956 фаъолият кардааст.

Мушаррафа Қосимова унвони Ҳунарманди мардумии Тоҷикистонро дошт ва дар намоишномаҳои "Ҳаёт ва ишқ"-и Файзулло Ансорӣ, "Гавҳари шабчароғ"-и Сотим Улуғзода, "Дохундаи"-и Садриддин Айнӣ ва дар филмҳои "Нисо", "Вохӯрӣ дар дара" ва "Дарду алами Афғонистон" нақшҳо иҷро кардааст. Ҳамчунин дар намоишномаи "Исёни арӯсон" ва "Ҷон модаракон" нақши модарро иҷро кардааст.

Ҳайъати кормандони гуруҳи расонаҳои "Азия – Плюс" ба наздикону пайвандони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Мушаррафа Қосимова ҳамдардии амиқи худро баён мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...