Ба қирғизҳои осебдида зимни муноқиша дар марз бо Тоҷикистон медал доданианд

Asia-Plus

Дар парлумони Қирғизистон имрӯз зимни баррасии муноқишаи чанде қабл рухдода дар марз бо Тоҷикистон баҳсу музокироти пурҷӯшу хурӯш сурат гирифт, хабар медиҳад агентии иттилоотии 24.kg.

Дар ҷаласаи пушти дарҳои пӯшидаи Жогорку Кенеш (парлумони Қирғизистон) вакил Каромат Орозова пешниҳод намуд, ки ба Оқ-Сой мақоми иншооти стратегӣ дода шавад. Ҳамчунин ӯ дархост намуд, ки шаҳрвандони осебдидаи кишвар зимни муноқиша дар марз Мирбек Ҷӯраев, Улуғбек Жониқулов ва Оқилбек Тӯйчиев бо медали “Данк” қадрдонӣ карда шаванд.

“Ман дархост дорам, ки давлат шахсонеро, ки бе аслиҳа сарҳадро ҳимоя мекунанд, аз лиҳози моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ намояд. Вақте мо он ҷо рафтем, мардум дар навбати аввал сулҳу суботро талаб карданд. Бар асари набудани чунин вазъ занон тифлони носолимро ба дунё оварда, ба бемориҳои рӯҳӣ гирифтор мешаванд. Мушкили сарҳадро таъҷилан ҳал кардан зарур аст”, – овардааст гуфтаҳои ӯро 24.kg.

Ӯ ҳамчунин пешниҳод намудааст, ки ба оилаҳои осебдида аз низоъ дар сарҳад дар ҳаҷми 300 ҳазор сом кумаки моддӣ расонида шавад.

Каромат Орозова хоҳиш кардааст, ки имконоти хадамоти марзбонӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пурзӯр карда шавад. Вакил талаб кардааст, ки дар мавзеи Оқ-Сой мушкили таъминот бо об ва обёрии заминҳо ҳаллу фасл шуда, дар бунгоҳи тиббии маҳаллӣ шумори кормандони тиббӣ зиёд ва шуъбаи ҷарроҳӣ боз гардад.

Қобили зикр аст, ки дар Қирғизистон шаҳрвандоне бо медали “Данк” сарфароз гардонида мешаванд, ки дар хизмати давлатӣ, фаъолияти истеҳсолӣ, илмӣ-техникӣ, эҷодӣ, ҷамъиятӣ ва хайру эҳсонкорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида бошанд.

Ёдрас мекунем, ки муноқиша дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои  13-14 март сурат гирифта, дар ҷараёни он 2 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок ва беш аз 20 тани дигар тоҷикистониён ҷароҳат бардоштанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...