БОР ба ҳукумати Тоҷикистон арзонӣ ва беҳбуди дастрасиро ба интернет тавсия дод

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Аз поин бурдани арзиш ва беҳбуди дастрасӣ ба интернет Тоҷикистон дар оянда фоидаи зиёди иқтисодӣ ба даст оварда метавонад, чунин мешуморад намояндаи доимии Бонки осиёгии рушд (БОР) дар Душанбе Прадип Сривастава.

“Аз таҳкими зерсохтори технологияҳои иттилоотӣ, арзон кардани дастрасӣ ба интернет, ҳавасмандсозии сармоягузориҳои хусусӣ ба хизматрасониҳои интиқоли маълумот ва овоз, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи таълими ҷавонон Тоҷикистон ба фоидаҳои зиёди иқтисодӣ ноил шуда метавонад”, – оварда шудааст гуфтаҳои Прадип Сривастава дар сомонаи расмии БОР.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи марти соли равон Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон дар бораи боло бурдани арзиши интернет фармоиш содир намуд, ки вокуниши манфии ҷомеаро ба бор овард.

Мувофиқи фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории аз 27 март операторони мобилии Тоҷикистон бояд ба интернети мобилӣ дар кишвар тарифҳои нав ҷорӣ месохтанд: 1 Мб – на камтар аз 5 дирам. Ҳамчунин алоқа тариқи NGN низ дар Тоҷикистон мебоист 10 баробар  – аз 10-12 дирам то ба 1,2 сомонӣ боло мерафт.

Аммо ҳеҷ яке аз ширкатҳои мобилӣ то ҳол муштариёни худро дар бораи ҷорӣ шудани тарифҳои нав огоҳ накардааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...