«Дар ҳавопаймо дигар ҷой нест»: Utair мусофирони билетдорро ба хатсайри Душанбе-Маскав роҳ надод

Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии Utair субҳи имрӯз 10 нафар мусофиронро, ки ба хатсайри UT804 Душанбе-Маскав билет доштанд, ба парвоз роҳ надод. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” тариқи телефон яке аз ин мусофирони ба хатсайр роҳдоданашуда хабар дод.

Мусофир зодаи Регар буда, бино ба гуфтаи ӯ, аз ин шаҳр онҳо ҷор нафар будаанд, ки ду нафарашонро ба парвоз роҳ додаву ду тани дигарро иҷоза надодаанд.

“Бақайдгирӣ соати чори субҳ оғоз гардида, барои саривақт дар он ҳозир будан, мо шабона бо такси аз Регар ба Душанбе омадем. Чор нафар будем. Вақте назди нуқтаи бақайдгирӣ омадем, ду нафарро ба қайд гирифтанду ба мо гуфтанд, ки дар ҳавопаймо дигар ҷой нест ва моро ба қайд намегиранд”, – изҳор намуд ӯ.

Номбурда ҳамчунин қайд кард, ки боз се нафар сокинони Ҳисор ва дигар мусофирон, ҳамагӣ беш аз 10 нафар низ ба парвоз бо ин хатсайр роҳ дода нашудаанд.

“Ба мо хабар доданд, ки бо хатсайри дигар – 4 апрел соати 03:30 дақиқа парвоз мекунем. Ному насаби моро навишта, бағочамонро ҳам гирифтанд. Огоҳ намуданд, ки соати 1-и шаб барои бақайдгирӣ ҳозир шавем”, – гуфт мусофир.

Ҳамчунин зикр шуд, ки билетҳо дар Маскав харида шуд, ин бори аввал нест ва пештар ҳеҷ мушкилие ҷой надошт.

Дар ҳамин ҳол, дар намояндагии ширкати ҳавопаймоии Utair дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” дар мавриди ин масъала иттилоъ доданд, ки ҳамагӣ 4 нафар мусофирон натавонистаанд бо хатсайри мазкур парвоз кунанд.

“Ҳамарӯза мо бо хатсайри Душанбе-Маскав (Внуково) ду парвоз анҷом медиҳем: UT802 соати 03:30 ва UT804 соати 6:00. Дирӯз бо сабабҳи техникӣ парвоз тариқи хатсайри UT802 бекор шуда, мусофирони ҳарду хатсайрро бо UT804 соати 6:00 фиристодем. Ҳамин тариқ, имрӯз 4 нафар мусофирон парвоз карда натавонистанд. Онҳо пагоҳ бо хатсайри UT802 соати 03:30 ба Маскав парвоз мекунанд”, – хабар дод Ҳусейн Усмонов, намояндаи ширкати ҳавопаймоии Utair.

Ба савол дар бораи ҷуброн шудани зиёни расида ба мусофирон, аз ҷумла дер мондан ба хатсайри дигар пешбинишуда, намояндаи ширкат посух дод, ки барои мусофирон ҳеҷ гуна ҷубронпулӣ пешбинӣ нашудааст.

“Мо ба онҳо пардохти маблағи иқомат дар меҳмонхона, таъминот бо хӯрок ва интиқол (трансфер)-ро ба хатсайри минбаъда пешниҳод кардем, вале онҳо рад карданд”, – илова намуд Усмонов.

Дар ҳамин ҳол

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...