Шукурҷон Зуҳуров: ҷуғрофияи нооромиҳо дар ҷаҳон торафт доман паҳн мекунад

Asia-Plus

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи 140-уми Иттиҳоди Ассамблеяи Байнипарлумонӣ дар шаҳри Довҳаи Давлати Қатар иштирок кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, зимни суханронӣ ӯ изҳор намуд, ки дар минтақаи фарогири Иттиҳод ва умуман дар сайёраи замин ҳам аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ ва ҳам аз ҷиҳати иҷтимоию фарҳангӣ рўйдодҳое ба вуқўъ пайвастанд, ки аксарияти кулли кишварҳои аъзои Иттиҳоди байнипарламентӣ аз ин воқеаҳо дар канор намондаанд.

“Мутаассифона, минтақаи фароху доманадори фаъолияти Иттиҳоди мо имрўз ба яке аз марказҳои даргирии шадиду авҷи бесобиқаи нангинтарин падидаҳои ҷаҳони муосир – терроризми байналмилалӣ, зўровариву экстремизм мубаддал гаштааст”, – гуфт ӯ.

Зуҳуров қайд кард, ки воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн карда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрўз ба асосҳои бунёдии низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносибатҳои байналмилалӣ таъсиргузор мегарданд.

“Мавҷи бесобиқаи терроризм ва ифротгароӣ феълан ба хатари бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад, – иброз дошт ӯ. – Возеҳ аст, ки ягон давлати дунёно вобаста аз ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва тавонмандиҳои ҳарбию низомияш наметавонад ба танҳоӣ дар рў ба рўи хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир истодагарӣ намояд. Аз ин рў, мубориза алайҳи падидаҳои зикргардида аз ҳамаи мо– тасвибгарон ва ҳимояткунандагони низоми қонунии кишварҳо андешидани тадбирҳои ҷиддӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалиро дар ин ҷода шадидан тақозо мекунад”.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки Тоҷикистон дар баробари давлатҳои дигари минтақаи Осиёи Марказӣ аз рўи мавқеи ҷуғрофияш хатари терроризмро ба амнияти миллии худ бештар эҳсос менамояд.

“Вазъи ногувору давомдори ҳарбию сиёсӣ дар кишвари ҳамсоя вазъро ҳассос намудааст. Аз ҷониби дигар роҳ ёфтани террористони созмони ба ном «Давлати исломӣ» ба Афғонистон ва амалӣ шудани шаклҳои гуногуни ҷинояткории фаромиллӣ: гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, одамрабоӣ, савдову қочоқи силоҳ, ки яке аз сарчашмаҳои маблағгузории созмонҳои ҷиноятпеша ҳисобида мешаванд масъаларо боз ҳам мураккаб месозад”, – қайд кард Зуҳуров.

Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ зикр кард, ки Тоҷикистон ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошад.

“Бо назардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ва пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем”, – таъкид дошт Шукурҷон Зуҳуров. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...