Хотироти тоҷикистониён дар бораи парвози Гагарин ба кайҳон

Сайфиддин Караев, Аваз Юлдошев, Asia-Plus

58 сол қабл аввалин инсон ба кайҳон парвоз намуд. Ӯ Юрий Гагарин ва дар соли 1961 ҳамватани мо буд. Аз ин сабаб, аз парвози ӯ ба кайҳон тамоми тоҷикистониён шодӣ мекарданд.

Собиқадори журналистикаи тоҷик, марҳум Мазҳабшо Муҳаббатшоев, аз хотироти Аваз Юлдошев:

Мазҳабшо Муҳаббатшоев ҳамеша шӯхӣ мекард, ки 12 апрели 1961 тамоми Тоҷикистон воқеан хушнудӣ мекард, аммо маълум набуд, ки одамон барои чӣ хурсандӣ мекунанд.

12 апрели 1961, рӯзи барои тамоми ҷаҳон таърихие, ки кайҳонаварди шӯравӣ Юрий Гагарин ба кайҳон парвоз кард, дар Душанбе ҷаласаи ғайринавбатии КМ Ҳизби Коммунисти Тоҷикистони шӯравӣ баргузор гардид ва дар он котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистони шӯравӣ Турсун Ӯлҷабоев якҷо бо раиси Шӯрои вазирони ҷумҳурӣ Назаршо Додхудоев барои “тақаллуби ҳуҷҷатҳо”, “барзиёд нишон додани нақшаи ҷамъоварии пахта” муттаҳам дониста шуданд. Дар ниҳоят Ӯлҷабоев ва Додхудоев аз вазифаҳояшон барканор ва аз сафи ҳизб ронда шуданд.

Муҳаббатшоев, ки он замон донишҷӯ буд, ба хотир меовард, ки сокинони Душанбе барои аз вазифа рафтани роҳбарияти кишвар ё парвози Гагарин ба кайҳон хушҳолӣ мекарданд, барояш номаълум буд.

Муҳаммадҷон Темуров, собиқадори соҳаи маориф:

– Ҳамон рӯзи 12 апрелро хуб дар хотир дорам. Он замон 21 сол доштам ва пас аз баргаштан аз адои хизмати ҳарбӣ, нияти дохил шудан ба Донишкадаи омӯзгориро доштам. Мо дар Ҳисор зиндагӣ мекардем. Падарам он рӯз маро ба марказ барои бозорӣ кардан фиристода буд. Ман корҳоямро ба сомон расонида ба истгоҳ омадам ва автобусро интизор будам. Нисфирӯзӣ буд ва аз радиои дар симчӯб насбгардида аввал чанд маротиба садои даъват шунида шуд. Баъд наттоқи машҳури шӯравӣ Левитан ба тамоми мардум дар бораи парвози аввалин инсон ба кайҳон хабар дод. Вақте ӯ номи Гагаринро эълон намуд, аввал садои баланд шунида шуд ва баъдан “Поехали!”.

Инҷо садои Левитан ва Гагаринро метавонед шунавед.

Одамоне, ки дар истгоҳ қарор доштанд хурсандӣ мекарданд, ҳамдигарро ба оғӯш мегирифтанд. Ҳамаи одамон дарк мекарданд, ки чӣ гуна воқеаи муҳим рух додааст.

Ман ба хона баргашта ба ҳамсояҳо нақл кардам, ки аввалин маротиба ба кайҳон одам парвоз намуд ва ӯ ҳамватани мо аст. Ҳама мехостанд кайҳоннавард шаванд, аз ҷумла ман ҳам ин орзуро доштам. Кайҳоннавард нашудам, лекин ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи физика – математика супоридам.

Мирҳусен Назриев, астрофизик, корманди Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон:

Парвози аввалин инсон – Юрий Алексеевич Гагарин ба кайҳон на танҳо барои мардуми шӯравӣ, балки тамоми ҷаҳон рӯйдоди муҳим ба ҳисоб мерафт. Ман ҳарчанд хурд будам, аммо дар хотир дорам, ки он рӯз мардуми кишвар то чӣ андоза шоду хурсанд буданд. Вақте тариқи радио эълон карданд, ки шаҳрванди Иттиҳоди Шӯравӣ бомуваффақият ба кайҳон парвоз намуд, ҳама ба ваҷҳ омада буданд. Мардуми шӯравӣ меболиду хурсандӣ мекард. Ҳамдигарро табрик мекардем ва он рӯз бароям ид буд.

Мо хурсандӣ мекардем, ки ҳамвати мо аввалин шуда ба кайҳон парвоз намуд. Ҳарчанд он парвоз ба мардуми тамоми ҷаҳон рабт мегирифт.

Ин парвоз ба ҳаёти ҳар нафар сокини кишвари паҳнои шӯравӣ таъсири худро расонид. Ҷавонон ба кайҳонавардиву кайҳоншиносӣ бештар таваҷҷуҳ карданд. Худи ман ҳам бисёр хурсанд будам ва ифтихор доштам. Ва як сабаби ба астрофизика рӯй оварданам ҳам, ҳамин таъври парвози аввалин буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...