Фаъолони Душанбе алайҳи қиматшавии интернет имзо ҷамъоварӣ мекунанд

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Баъди талошҳои бенатиҷа барои поин бурдани нархи истифода аз Интернет дар шабакаҳои иҷтимоӣ, фаъолони ҷомеа тасмим гирифтанд, бо як муроҷиатномаи дастаҷамъӣ ба раиси ҷумҳур ва додситони кулл муроҷиат кунанд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, гурӯҳе аз фаъолон, ки номаро таҳия кардаанд, аз тариқи Фейсбук аз хоҳишмандон хостанд, рӯзи 22-юми апрел ба назди Театри опера ва балет дар маркази Душанбе ҷамъ оянд ва зери нома имзо гузоранд.

Дар давоми ду соат дар муроҷиатнома беш аз 200 нафар имзо гузошта, ному насаб ва суроғаи ҷойи зисти худро навиштаанд.

Ин ташаббуси шаҳрвандист

Коршинос Абдумалик Қодиров мегӯяд, масъалаи қиматшавии интернет ва хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ барои аҳолӣ хеле муҳим буда, қисмате аз фаъолони ҷомеа иқдомҳои амалиро пеш гирифтанд, ки аз тағйирот дар шуурашон гувоҳӣ медиҳад.

“Бигзор бо шиору овезаҳо набошад ҳам, лекин мардум ба кӯчаҳо баромада, аз норозӣ буданашон бо ин қарор изҳори назар мекунанд. Ҳукумат ду роҳи ҳал дорад: 1) Онро ҷиддӣ қабул намуда, аз муносибати аҳолӣ бо худаш хулоса мебарорад ва 2) Сохторҳои қудратӣ барои пароканда кардан, муҷозоти фаъолон ва минбаъд роҳ надодан ба иқдомоти эътирозӣ чораҳои муҷозотӣ меандешанд”, – гуфт коршинос.

Аммо, ба гуфтаи Шокирҷон Ҳакимов, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, бо ҷамъоварии имзо фаъолон қонунҳои Тоҷикистонро вайрон намекунанд, зеро ин табаддулоти ҳарбӣ ё ҷиноят набуда, сокинони Душанбе дастгирии худро аз ин раванд нишон медиҳанд ва дар амалҳои онҳо аломатҳои чиноят ҷой надошта, танҳо ташаббуси шаҳрвандиро зоҳир кардан мавҷуд аст.

Зикр шуд, ки дар баъзе кишварҳо баъди иқдомҳои эътирозӣ раъйпурсиҳо гузаронида мешаванд, лекин дар қонунгузории ҷумҳурӣ ин пешбинӣ нашудааст.

“Агар иродаи сиёсӣ мавҷуд бошад, мувофиқи мақсад мебуд, агар ҳукумат ва презиент ба ин вазъ дахолат намуда, талаботи шаҳрвандонро қонеъ мекарданд, чунки ҳамаи қишри аҳолӣ муқобили болоравии қимати арзиши интернет ва хизматрасониҳои мобилӣ изҳори назар мекунанд”, – иброз дошт Шокирҷон Ҳакимов.

Аллакай дахолат карданд

Дар ҳамин ҳол, тавре ба “Азия-Плюс” ташкилкунандагони ҷамъоварии имзоҳо хабар доданд, сохторҳои қудратӣ ба дахолат аллакай оғоз намудаанд. Дар яке аз кошонаҳои ҳусн варақаи муроҷиат бо имзоҳоро гирифта, дар яке аз мактабҳои олӣ ба донишҷӯён таҳдид кардаанд, ки агар имзо гузоранд, аз муассисаи таълимӣ хориҷ мешаванд.

“Духтаре аз кошонаи ҳусн дархост намуд, ки муроҷиатро ирсол намоем, то ки ӯ ҳам имзо ҷамъоварӣ намояд. Лекин субҳи имрӯз кормандони шуъбаи 4-уми ВКД омада, варақаҳо ва нусхаи шиносномаи ӯро гирифтаанд. Дар яке аз мактабҳои олии пойтахт бошад, ба донишҷӯён гузоштани имзоро манъ ва таҳдид кардаанд ки дар акси ҳол, аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда мешаванд”, – гуфтанд онҳо.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.