Президенти Тоҷикистон фармоиши Хадамоти зиддиинҳисориро бекор кард

Бо дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 23 апрел, нархи истифодаи интернет ва арзиши тарофаҳои ширкатҳои мобилӣ ба ҳолати аввала баргардонида шуд. Дар хабари кӯтоҳи нашршуда дар сомонаи расмии сарвари давлат қайд мешавад, ки бо супориши Президент нисбати шахсони масъуле, ки ба ин кор роҳ доданд, чораҷӯӣ карда шуд, лекин дар бораи маҳз нисбати киҳо […]

Бо дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 23 апрел, нархи истифодаи интернет ва арзиши тарофаҳои ширкатҳои мобилӣ ба ҳолати аввала баргардонида шуд.

Дар хабари кӯтоҳи нашршуда дар сомонаи расмии сарвари давлат қайд мешавад, ки бо супориши Президент нисбати шахсони масъуле, ки ба ин кор роҳ доданд, чораҷӯӣ карда шуд, лекин дар бораи маҳз нисбати киҳо чораҷӯӣ шудан маълумот дода намешавад.

Ёдрас мекунем, ки бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидааст, аз 23 апрел сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода аз вазифааш озод карда шуд.

Ӯ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз мансаб сабукдӯш гардида, бо амри Президенти Тоҷикистон муовини роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, ки зери сарварии Озода Раҳмон қарор дорад, таъин гардид.

Икромиддин Вализода сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон таъин гардид. То ин таъинот ӯ вазифаи муовини директори Агентии “Тоҷикстандарт”-ро ба уҳда дошт.

Қобили зикр аст, ки ба боло бурдани қимати интернет дар Тоҷикистон маҳз Хадамоти зиддиинҳисорӣ ташаббус зоҳир намуда буд.

Мувофиқи фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории №31 аз 4 марти соли 2019, аз 18 апрел барои ҳамаи ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ҷадвали тарифҳои ягона барои хизматгузориҳои мобилӣ ҷорӣ шуд. Хадамот ширкатҳои мобиро ба муқаррар намудани нархи 1 Мб интернет на камтар аз 5 дирам бе назардошти андозҳо уҳдадор кард.

Ҳамин тариқ, нархи 1 гигабайт (1024 мегабайт) интернети ширкатҳои мобилии Тоҷикистон мебоист аз 30-35 сомонии арзиши пештара то ба 63 сомонӣ боло мерафт.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.