“Бидору ба мошин савор кун”: навори “облава” дар Душанбе

Дар Facebook навори видеое нашр шуд, ки дар он ду ҷавонро боздошта, мехоҳанд, ки онҳоро ба мошин савор кунанд. Муаллиф ва шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ин ба қавле “облава”, яъне аз ҷониби кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ маҷбурӣ боздоштану ба хизмати ҳарбӣ равон кардани ҷавонон мебошад. Ҳодиса нимаи дуюми рӯзи 23 апрел назди маркази савдои “Пойтахт” ба вуқӯъ […]

Дар Facebook навори видеое нашр шуд, ки дар он ду ҷавонро боздошта, мехоҳанд, ки онҳоро ба мошин савор кунанд. Муаллиф ва шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ин ба қавле “облава”, яъне аз ҷониби кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ маҷбурӣ боздоштану ба хизмати ҳарбӣ равон кардани ҷавонон мебошад.

Ҳодиса нимаи дуюми рӯзи 23 апрел назди маркази савдои “Пойтахт” ба вуқӯъ пайвастааст.

“Пас аз хӯроки нисфирӯзӣ мо ба кӯча баромада, шоҳиди он гаштем, ки чӣ гуна ду ҷавонро маҷбурӣ ба мошин шинониданианд, – гуфт ба “Азия-Плюс” яке аз шоҳидони воқеа. – Ҷавонон муқобилат нишон медоданд. Маълум буд, ки ин “облава” аст. Вақте одамон дар телефонҳояшон ба наворбардорӣ шурӯъ намуданд, онҳо рақамҳои мошинашонро барканданд”.

Бино ба гуфтаи шоҳидон, ба яке аз ҷавонон муяссар шудааст, ки худро аз дасти онҳо халос карда, рӯ ба гурез ниҳад. Ҷавони дигарро бо мошин бурдаанд. Рақами автомашинаи Opel Astra, ки гӯё бо он ҷавонро маҷбурӣ савор карда бурдаанд, низ дар шабака гузошта шудааст – 3338BE07.

Маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ аз 1 апрел то 31 май идома меёбад. Роҳбари комиссияи ҷумҳуриявиии маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ, муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим дар оғози маъракаи даъват ба мақомоти дахлдори давлатӣ дастур дода буд, ки ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷавонони босаводу солим даъват карда шаванд.

То имрӯз нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон то имрӯз 60% иҷро шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, ин нишондиҳанда дар вилояти Хатлон – 54%, вилояти Суғд – 55%, ВМКБ – 106%, ноҳияҳои тобеи марказ – 56% ва шаҳри Душанбе – 65%-ро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.