Кормандони КҲФ ба реҷаи доимо омодабоши адои хизмат гузаштанд

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон ба реҷаи шабонарӯзии адои хизмат гузаштанд. Бо назардошти обуҳавои номусоид дар кишвар ва боришоти шиддатнок раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода фармон ба имзо расонидааст, ки мувофиқи он кормандони Кумита ин рӯзҳо доимо дар ҳолати омодабош қарор хоҳанд дошт, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти […]

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон ба реҷаи шабонарӯзии адои хизмат гузаштанд.

Бо назардошти обуҳавои номусоид дар кишвар ва боришоти шиддатнок раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода фармон ба имзо расонидааст, ки мувофиқи он кормандони Кумита ин рӯзҳо доимо дар ҳолати омодабош қарор хоҳанд дошт, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти Кумита.

“Наҷотдиҳандагон ва хизматчиёни қисмҳои ҳарбии Кумита дар ҳама гуна ҳолатҳо омодаанд, ки ба ҷойи ҳодисаҳои офатҳои табиӣ сафарбар ва ба аҳолӣ кумак кунанд”, – гуфтанд дар Кумита.

Бино ба маълумоти Кумита, шаби гузашта дар қаламрави Тоҷикистон ҳодисаҳои фавқулода ва нохуш бар асари офатҳои табиӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз, 24 апрел дар Тоҷикистон боридани боронҳои шиддатноку жола ва раъду барқ дар назар аст. Рӯзи 25 апрел дар ноҳияҳои баландкӯҳ (1500 метр) борон ба барфи тар табдил меёбад.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, дар Душанбе, Ҳисор,  Варзоб, Файзобод, Ваҳдат, Нуробод,  Рашт, Сангвор, Дарвоз, Кӯлоб, Фархор, Восеъ, Данғара, Ховалинг, Муъминобод, Ш. Шоҳин,  Панҷакент, ағбаи Шаҳристон,  Мастчоҳ, Истаравшан, Ёвон ва Рӯдакӣ боридани боронҳо шиддатнок ва омадани сел дар назар дошта шудааст.

Муддати ду рӯз дар Душанбе борони шиддатнок ва раъду барқ пешбинӣ шуда, ҳарорат 10-12 дараҷа поин ва ҳамагӣ 11-13 дараҷа гарм мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ин рӯзҳо риояи қоидаҳои бехатариро ҳангоми чунин офатҳои табиӣ тавсия медиҳад, ки муфассалтар бо онҳо дар сомонаи расмии Кумита шинос шуда метавонед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.