Созиши Душанбе, Тошканд, Нур-Султон ва Ашқобод оид ба истифодаи об соли 2019

Дар шаҳри Тошканд ҷаласаи 76-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии масоили хоҷагии об доир гардид. Дар кори ҷаласа вазири хоҷагии оби Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев, муовини вазири кишоварзии Қазоқистон Ерлан Нисонбоев, муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Султон Раҳимзода, сардори Раёсати истифодаи оби Кумитаи давлатии хоҷагии оби Туркманистон Байгелдӣ Байҷонов ва намояндагони мақомоти иҷроияи Комиссия иштирок […]

Дар шаҳри Тошканд ҷаласаи 76-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии масоили хоҷагии об доир гардид.

Дар кори ҷаласа вазири хоҷагии оби Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев, муовини вазири кишоварзии Қазоқистон Ерлан Нисонбоев, муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Султон Раҳимзода, сардори Раёсати истифодаи оби Кумитаи давлатии хоҷагии оби Туркманистон Байгелдӣ Байҷонов ва намояндагони мақомоти иҷроияи Комиссия иштирок карданд.

Зимни ҷаласа натиҷаҳои истифодаи маҳдуд кардан (лимит) ва реҷаи кори силсилаобанборҳо дар давраи обёрии соли 2018-2019 дар ҳавзаи дарёҳои Сирдарё ва Амӯдарё баррасӣ шуд.

Аз рӯи натиҷаи гуфтушунидҳо ҳудуди истифодаи обии кишвар ва реҷаи пешбинишудаи силсилаобанборҳо дар давраи обёрии соли 2019 дар ҳавзаи дарёҳои Сирдарё ва Амӯдарё тасдиқ шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати хоҷагии оби Ӯзбекистон.

Гуфта мешавад, Ӯзбекистону Қазоқистон реҷаи пешниҳодшуда аз ҷониби Иттиҳодияи хоҷагиҳои оби “Сирдарё”-ро мувофиқа намуда, дар ҳамин ҳол ҷониби Тоҷикистон ба таъмини гузаштани об аз обанбори “Баҳри тоҷик” (Қайроққум) омодагӣ изҳор намудааст.

Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи иштироки аъзо ва мақомоти иҷроияи Комиссия дар таҳияи Барномаи амал оид ба кумак ба кишварҳои ҳавзаи Баҳри Арал низ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Ҷаласаи 77-уми навбатии Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии масоили хоҷагии об даҳаи дуюми моҳи сентябри соли 2019 дар шаҳри Нур-Султон доир мегардад.

Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии масоили хоҷагии об – мақомоти ягонаи хоҷагии оби кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, моҳи феврали соли 1992 таъсис дода шудааст. Идоракунии пурсамари захираҳои об ва дастгирии устувории ҷараёнҳои табиӣ дар обҳои фаромарзӣ аз ҷумлаи вазифаҳои Комиссия муқаррар шудааст. Иттиҳодияи хоҷагиҳои оби “Сирдарё” ва “Амӯдарё” мақомоти иҷроияи Комиссия маҳсуб меёбанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.