Мансабдор аз Панҷакент зодрӯзашро ҷашн гирифта, аз кор озод шуд

Раиси ҷамоати деҳоти Хурмии шаҳри Панҷакент Аҳмадулло Иброҳимов санаи 20 март зодрӯзашро бо даъвати меҳмонони сершумор дар хонааш ҷашн гирифтааст. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, барои меҳмонони даъватшуда нисфирӯзӣ ва бегоҳ зиёфат ороста шудааст. Гуфта мешавад, дар ин зодрӯз 5 нафар мутасаддиёни комиссияи доимии маҳаллӣ ва дигар шахсони масъули ҷамоати деҳот, аз […]

Раиси ҷамоати деҳоти Хурмии шаҳри Панҷакент Аҳмадулло Иброҳимов санаи 20 март зодрӯзашро бо даъвати меҳмонони сершумор дар хонааш ҷашн гирифтааст.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, барои меҳмонони даъватшуда нисфирӯзӣ ва бегоҳ зиёфат ороста шудааст.

Гуфта мешавад, дар ин зодрӯз 5 нафар мутасаддиёни комиссияи доимии маҳаллӣ ва дигар шахсони масъули ҷамоати деҳот, аз ҷумла котиб, муҳандиси заминсоз, мутахассис оид ба ҷамъоварии андозҳо, масъули мизи ҳарбии ҷамоати деҳоти мазкур иштирок намудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки прокуратураи шаҳри Панҷакент аз натиҷаи санҷиши ин қонунвайронкунӣ унвонии раиси шаҳри Панҷакент пешниҳод ирсол намуд, ки баъди баррасии он Иброҳимов А.Н. аз вазифаи ишғолнамудааш озод карда шуд.

Қобили зикр аст, ки соли 2018 барои риоя накардани меъёрҳои қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" 648 нафар ба маблағи умумии беш аз 3 млн. сомонӣ ҷарима шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.