КМ коркарди шири Тоҷикистону Беларус моҳи сентябр ба истифода дода мешавад

Дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Беларус дар Минск вазири кишоварзии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ изҳор дошт, ки ҳамкории дуҷонибаи кишварҳо пурсамар ҷараён дорад. “Тракторҳои МТЗ-и дар корхонаи муштарак васлу насбшуда аллакай дар заминҳои Тоҷикистон кор карда, ҳамчунин ҳамкориҳо дар самти беҳбуди вазъи тухмипарварӣ ва зотпарварии чорво низ дар ҳоли густаришанд”, – қайд кардааст […]

Дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Беларус дар Минск вазири кишоварзии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ изҳор дошт, ки ҳамкории дуҷонибаи кишварҳо пурсамар ҷараён дорад.

“Тракторҳои МТЗ-и дар корхонаи муштарак васлу насбшуда аллакай дар заминҳои Тоҷикистон кор карда, ҳамчунин ҳамкориҳо дар самти беҳбуди вазъи тухмипарварӣ ва зотпарварии чорво низ дар ҳоли густаришанд”, – қайд кардааст вазир.

Бино ба гуфтаи Иззатулло Сатторӣ, Тоҷикистон ният дорад, ки бо олимони Беларус дар самти парвариши растаниҳои ба гармӣ ва хушкиҳо тобовар ҳамкориҳоро тақвият бахшида, онро дар Тоҷикистон ба роҳ монад.

Вазир ҳамчунин хабар дод, ки корхонаи муштараки коркарди шири Тоҷикистону Беларус аллакай моҳи сентябр ба истифода дода мешавад.

Тибқи маълумоти хабаргузории беларусии БелТА, вазири кишоварзӣ ва озуқаи Беларус Анатолий Хотко дар навбати худ зикр кардааст, ки “самтҳои ҳамкории дуҷонибаи кишварҳо мушаххаст аст, ки аз соҳаи мошинсозӣ, бахши кишоварзӣ, тиб ва фарҳанг иборат аст”.

Қобили зикр аст, ки соли 2018 ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Беларус 37,4 млн. долларро ташкил додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.