Сокини фахрии Душанбе мошин ё хона гирифта метавонад

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Низомномаи ҳавасмандкунӣ ва мукофотҳои раиси шаҳри Душанберо тасдиқ намуд. Бо қарори раиси пойтахт муқаррароту номгӯй, унвонҳои фахрӣ ва мукофтпулиҳое, ки минбаъд аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе ба сокинони ҷудогонаи пойтахт ва шаҳрвандони дигар кишварҳо дод шуда метавонанд, тасдиқ шуд. Унвони “Сокини фахрии пойтахти Тоҷикистон” ба шаҳрвандони Тоҷикистон ё кишварҳои хориҷӣ […]

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Низомномаи ҳавасмандкунӣ ва мукофотҳои раиси шаҳри Душанберо тасдиқ намуд.

Бо қарори раиси пойтахт муқаррароту номгӯй, унвонҳои фахрӣ ва мукофтпулиҳое, ки минбаъд аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе ба сокинони ҷудогонаи пойтахт ва шаҳрвандони дигар кишварҳо дод шуда метавонанд, тасдиқ шуд.

Унвони “Сокини фахрии пойтахти Тоҷикистон” ба шаҳрвандони Тоҷикистон ё кишварҳои хориҷӣ барои хизмати шоиста ва саҳми арзанда дар рушди шаҳри Душанбе, аз ҷумла таъмини сулҳу ризоият тақдим карда мешавад.

Ғайр аз ин, раиси шаҳри Душанбе ба гирандагони ин унвон мошин, манзил ва дигар туҳфаҳои арзишманд ҳадя карда метавонад.

Сокинони беҳтарини пойтахт ҳамчунин бо ифтихорномаҳо, медал ва мукофотпулиҳо қадрдонӣ мешаванд.

Суратҳои чунин шахсон дар Лавҳаи ифтиҳорӣ гузошта мешаванд, ки он дар маркази шаҳр сохта мешавад.

Ёдрас мекунем, ки бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон палатаи поёнии палумон моҳи феврал тағйироту иловаҳоро ба қонун “Дар бораи мақоми пойтахт” қабул намуд, ки мувофиқи он, раиси шаҳр ба тақдими унвони “Сокини фахрии пойтахти Тоҷикистон” ба шаҳрвандон ҳуқуқ пайдо кард.

Бар асоси тағйироту иловаҳои қабулшуда раиси пойтахт ҳамчунин метавонад мукофотпулиҳои ҳамасоларо дар соҳаҳои фарҳангу адабиёт, бахши иҷтимоӣ, иқтисоду саноат ва маорифу тандурустӣ муқаррар намояд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.