Беш аз нисфи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон аз ҳисоби қарз амалӣ мешавад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон айни замон 70 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 31,9 млрд. сомонӣ ё худ 3,38 млрд. доллар мавриди амалишавӣ қарор дорад, хабар медиҳад Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, аз оғози соли равон амалисозии як лоиҳа ба маблағи 1,4 млрд. сомонӣ (150 млн. доллар) шурӯъ гардидааст.

Беш аз нисфи маблағгузории лоиҳаҳои амалишаванда бар асоси қарзҳо ва 43% – бар асоси кумаки бебозгашт (грант) сурат гирифта, ҳиссаи маблағгузории ҳукумати Тоҷикистон ва аз дигар сарчашмаҳо – 4,3%-ро ташкил медиҳад.

Ҳамин тариқ, 16,6 млрд. сомонӣ (1,7 млрд. доллар) дар сандуқи сармоягузории лоиҳаҳоро – қарзҳо, 13,8 млрд. сомонӣ (1,4 млрд. доллар)-ро грантҳо ва 1,3 млрд. сомонӣ (145 млн. доллар)-ро саҳмгузориҳои ҳукумат ва дигар сарчашмаҳо ташкил медиҳанд.

Аз оғози амалисозии ин лоиҳаҳо то 1 апрели соли равон қариб нисфи маблағ – 15,4 млрд. сомонӣ (1,6 млрд. доллар) аз ҳаҷми умумӣ азхуд шудааст.

Аз ҷумла дар семоҳаи аввал – 670 млн. сомонӣ (71 млн. доллар) азхуд шудааст, ки ба 96% аз ҳаҷми пешбинишуда баробар аст.

Лоиҳаҳои амалишаванда аз ҷониби Бонки осиёгии рушд (890 млн. доллар), Бонки ҷаҳонӣ (580 млн. доллар), Бонки аврупоии таҷдиду рушд (503 млн. доллар), Эксимбонки Чин (480 млн. доллар), Бонки исломии рушд (150 млн. доллар) ва дигарон маблағгузорӣ мешаванд.

 Аз ҳисоби ин сармоягузориҳо дар бахши маориф ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – 9 лоиҳа, дар бахши кишоварзӣ ва обёрӣ – 23 лоиҳа, дар соҳаи энергетика – 11 лоиҳа, соҳаи нақлиёт – 16 лоиҳа, ҳамчунин лоиҳаҳо дар дигар бахшҳо амалӣ мешаванд.

Ҷалби боз 777 млн. доллар

Ҳукумати Тоҷикистон се соли наздик барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ният дорад, ки наздики 777 млн. доллар маблағ ҷалб кунад. Ин воситаҳо дар доираи Барномаи қарзҳои давлатии беруна барои солҳои 2019-2021 ҷалб мешаванд.

Ҳамин тариқ, соли 2019 – ҷалби 261,8 млн. доллар, соли 2020 – 255,9 млн. доллар ва соли 2021 – 258,6 млн. доллар ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин маврид қарзгиранда ҳукумат шуморида шуда, лекин хизматргузорӣ ва баргардонидани қарзҳо аз ҷониби субъектҳои хоҷагидори кишвар амалӣ мегардад.

Ба сифати маблағгузорони асосии Барнома дар се соли оянда Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР), Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд ва Бонки осиёгии рушд дар назар дошта мешаванд.

Ҳамчунин аз саҳми Фонди рушди Саудӣ, Фонди рушди Кувейт, Эксимбонки Чин, Бонки аврупоии сармоягузорӣ ва дигар кишварҳову созмонҳои мададрсон ба лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ низ интизорӣ меравад.

Ҳамаи ниҳодҳои молиявии дар боло зикршуда ба Тоҷикистон қарзҳои имтиёзнок пешниҳод мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.