Фармоиш бекор шуд. Тарифҳо ва бастаҳои солонаи интернети пардохтшуда чӣ мешавад?

Айни замон ширкатҳо дар мавриди дубора барқарор намудани тариф ва хизматгузориҳои пешин корҳои техникиро роҳандозӣ намуданд, хабар дода мешавад дар саҳифаи ширкати Tcell дар Facebook. Аз ширкатҳои мобилӣ ба “Азия-Плюс” тасдиқ намуданд, ки ба корҳои гузаронидани муштариён ба тарифҳои пешина оғоз карда, ин вақти зиёдеро намегирад. “Давоми 2-3 рӯз операторон аз уҳдаи ин кор мебароянд. […]

Айни замон ширкатҳо дар мавриди дубора барқарор намудани тариф ва хизматгузориҳои пешин корҳои техникиро роҳандозӣ намуданд, хабар дода мешавад дар саҳифаи ширкати Tcell дар Facebook.

Аз ширкатҳои мобилӣ ба “Азия-Плюс” тасдиқ намуданд, ки ба корҳои гузаронидани муштариён ба тарифҳои пешина оғоз карда, ин вақти зиёдеро намегирад.

“Давоми 2-3 рӯз операторон аз уҳдаи ин кор мебароянд. Шумораи муштариёни ба тарифҳои ягона гузашта хеле кам аст. Аксариятро аз 25 апрел ё охири моҳ баъди анҷоми муҳлати тарифҳои пешин гузарониданӣ буданд. Танҳо муштариёни нав ба тарифҳои ягона васл шудаанд”, – гуфт манбаъ дар яке аз ширкатҳои мобилӣ.

Бино ба гуфтаи ӯ, ба муштариён тарифҳои пешин баргардонида шуда, ба муштариёни нав ба интихоби тарифҳо имкон дода мешавад.

“Муштариён ба тарифҳои пешин баргардонида, пардохти моҳона тибқи тарифи ягона дар ҳаҷми 25 сомонӣ ба тавозуни онҳо интиқол меёбад. Пардохти моҳона бо тарифҳои пешина сурат мегирад. Агар пардохти моҳона аз 25 сомонӣ зиёд бошад, пардохти маблағи иловагӣ зарур буда, дар сурати кам будан, бақия дар тавозун боқӣ мемонад. Ҳар кадоме аз операторон ба тарзи дигар ҳам ҳисоб карда метавонад, лекин дақиқ аст, ки муштариён пулашонро талаф намедиҳанд. Муштариёни нав барои худ тарифи муносибро интихоб карда метавонанд”, – қайд кард манбаъ.

Ҳамчунин итминон дода шуд, ки бастаҳои солонаи интернети харидоришуда муддати 12 моҳ аз замони хариданашон амал хоҳанд кард.

“Онҳо амал хоҳанд кард, ҳеҷ касе ба бекор кардани онҳо ҳақ надорад, зеро бастаҳо бо пули нақд харидорӣ шудаанд”, – иброз дошт манбаъ.

Дар яке аз ширкатҳои мобилӣ ҳатто хабар доданд, ки агар муштарӣ аз бастаҳои солонаи интернет даст кашиданӣ бошад, ба баргардонидани пулаш омодаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.