Эмомалӣ Раҳмон президенти тозаинтихоби Украинаро табрик кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти тозаинтихоби Украина Владимир Зеленский ба муносибати пирӯзиаш дар маъракаи интихоботи президентии ин кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, дар барқия Эмомалӣ Раҳмон Владимир Зеленскийро самимона табрик намуда, ба ӯ сиҳатии бардавому пирӯзиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Украина саодатмандиву рифоҳ ва шукуфоии рӯзафзун таманно кардааст. […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти тозаинтихоби Украина Владимир Зеленский ба муносибати пирӯзиаш дар маъракаи интихоботи президентии ин кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, дар барқия Эмомалӣ Раҳмон Владимир Зеленскийро самимона табрик намуда, ба ӯ сиҳатии бардавому пирӯзиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Украина саодатмандиву рифоҳ ва шукуфоии рӯзафзун таманно кардааст.

“Мардумони Тоҷикистону  Украинаро  анъанаҳои равобити нек, ҳусни таваҷҷуҳ ва кишварҳои моро ҳамкориҳои судманди гуногунҷанба дар арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ба ҳам мепайванданд, – омадааст дар барқия. – Мо ба ояндаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории байни кишварҳоямон назари нек дорем”.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон кардааст, ки бо талошҳои  муштарак муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистон ва Украина минбаъд низ бар манфиатҳои мардуми ҳарду кишвар густаришу таҳким хоҳанд ёфт.

Бино ба маълумоти 24tv.ua, Комиссияи марказии интихоботи Украина 100% раъйро дар интихоботи даври думюи президенти Украина ҳисобу китоб кардааст. Владимир Зеленский ба касби 73,22% ва Петр Порошенко ба гирифтани – 24,45%-и овозҳои интихобкунандагон ноил гардиданд. Ин натиҷаи ниҳоии интихобот мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.