Ким Чен Ин бори нахуст аз замони раҳбариаш ба Русия омад

Раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин субҳи имрӯз барои мулоқот бо ҳамтои русаш Владимир Путин вориди Русия шуд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Ким Чен Инро дар истгоҳи марзии Хасан губернатори Примори Олег Кожемяко ва вазири рушди Шарқи дури Русия Александр Козлов пешвоз гирифтанд. Ба пешвози Ким Чен Ин дар баробари мансабдорон духтарони […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин субҳи имрӯз барои мулоқот бо ҳамтои русаш Владимир Путин вориди Русия шуд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Ким Чен Инро дар истгоҳи марзии Хасан губернатори Примори Олег Кожемяко ва вазири рушди Шарқи дури Русия Александр Козлов пешвоз гирифтанд. Ба пешвози Ким Чен Ин дар баробари мансабдорон духтарони рус бо либоси миллӣ низ баромаданд.

Гуфта мешавад, Ким Чен Ин дар Хасан аз Хонаи дӯстии Русияву Кореяи Шимолӣ, ки бо номи "хонаи Ким Ир Сен" маъруф аст, боздид кард. Ин хона соли 1986 дар остонаи сафари падари ӯ ба Русия бунёд шуда буд. Сипас қатораи раҳбари Кореяи Шимолӣ озими Владивосток шуда, 25 апрел бо Путин мулоқот хоҳад кард.

https://www.youtube.com/watch?v=gZ3ZFG0kxbQ

Қарор аст, раҳбарони Русия ва Кореияи Шимолӣ нахуст мулоқоти як ба як анҷом дода, сипас гуфтугӯи ҳайатҳои ду ҷониб баргузор хоҳад шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки Ким Чен Ин аз замони президенти Кореяи Шимолӣ шуданаш дар соли 2011 ба ин сӯ ягон бор ба Русия нарафтааст ва бо Путин ҳам мулоқот накардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.