Барои тасмими боло бурдани қимати хизматрасониҳои мобилӣ киҳо бояд муҷозот шаванд?

Бо дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 23 апрел, нархи истифодаи интернет ва арзиши тарофаҳои ширкатҳои мобилӣ ба ҳолати аввала баргардонида шуд. Дар хабари кӯтоҳи нашршуда дар сомонаи расмии сарвари давлат қайд мешавад, ки бо супориши Президент нисбати шахсони масъуле, ки ба ин кор роҳ доданд, чораҷӯӣ карда шуд, лекин дар бораи маҳз нисбати киҳо чораҷӯӣ шудан […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бо дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 23 апрел, нархи истифодаи интернет ва арзиши тарофаҳои ширкатҳои мобилӣ ба ҳолати аввала баргардонида шуд.

Дар хабари кӯтоҳи нашршуда дар сомонаи расмии сарвари давлат қайд мешавад, ки бо супориши Президент нисбати шахсони масъуле, ки ба ин кор роҳ доданд, чораҷӯӣ карда шуд, лекин дар бораи маҳз нисбати киҳо чораҷӯӣ шудан маълумот дода намешавад.

Дар зер кӯшиш ба харҷ додем, ки дар чунин тасмимгирӣ киҳо мустақиман ё бавосита даст доштанашонро хотиррасон намеоем.

Кумитаи андоз

Аввали соли равон раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода ба журналистон изҳор намуд, ки воридоти маблағ аз ҳисоби андоз аз ширкатҳои мобилӣ тайи солҳо охир ба таври назаррас кам шуда, дар ҳамдастӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ба ҳукумат ҷиҳати ислоҳи вазъ тадбирҳо пешниҳод шудааст.

Сабаби ин вазъро ӯ чунин шарҳ дода буд, ки солҳои охир аз ҷониби ширкатҳои мобилӣ технологияҳои нав, аз қабили NGN роҳандозӣ мешавад, ки тариқи онҳо ба муштариён бо нархҳои нисбатан пасттар хизматрасониҳо пешниҳод мегардад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ

Тибқи фармоиши ин Хадамот нархи интернети мобилӣ 2 баробар ва арзиши гуфтугӯ тариқи NGN – 10 баробар боло рафт. Бо ин дастур ширкатҳои мобилӣ тарифҳои навро ҷорӣ карданд: нархи 1 Мб интернет на камтар аз 5 дирам муқаррар шуда, арзиши гуфтугӯ тариқи NGN аз 10-12 дирами пешина то ба 1,2 сомонӣ боло рафт.

Дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ ин тасмими худро чунин шарҳ доданд, ки даромади ширкатҳои мобилӣ аз зангҳои байнулмилалии овозӣ кам шуда, ин дар навбати худ ба коҳиши воридоти маблағҳо ба буҷет боис гардидааст.

Дар ҳамин ҳол, бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидааст, аз 23 апрел сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода аз вазифааш озод карда шуд.

Ӯ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз мансаб сабукдӯш гардида, бо амри Президенти Тоҷикистон муовини роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, ки зери сарварии Озода Раҳмон қарор дорад, таъин гардид.

Хадамоти алоқа

Дар Кумитаи андоз эътироф карда буданд, ки фармоиши мақомоти зиддиинҳисорӣ бо назардошти пешниҳодҳои Хадамоти алоқа ва ширкатҳои мобилӣ содир шудааст.

Дар суҳбати кӯтоҳе бо “Азия-Плюс” муовини сардори Хадамоти алоқа Илҳом Атоев дар ин робита изҳор намуда буд, ки “пас аз қиматшавии интернет, мардум минбаъд аз он босаводона ва мулоҳизакорона истифода хоҳанд бурд. Камтар ба бозӣ машғул шудаву ба чашмонашон камтар зарар мерасонанд ва ба сурати умум, солимиашонро эҳтиёт мекунанд”.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ бидуни қайд дар Вазорати адлия, ки инро қонунгузории ҷумҳурӣ тақозо мекунад, содир шуд. Дар Вазорати адлия аз сабти дахлдор нагузаштани ин санадро ба “Азия-Плюс” тасдиқ карда буданд.

Вазорати адлияи Тоҷикистон изҳор намуд, ки Фармоиши зикршудаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар рӯйхати Вазорати адлияи Тоҷикистон ба қайд гирифта нашуда, мутаносибан барои танзими нархҳо ба хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ асос шуда наметавонад.

Лекин рӯзи 27 март дар Хадамоти зиддинҳисорӣ ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуданд, ки ин ниҳод ба қайди дастуру фармоишҳои худ дар феҳристи Вазорати адлияи ҷумҳурӣ уҳдадор нест.

Дар ин маврид саволе ба миён меояд, ки агар фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ бе қайди дахлдор мавриди амал қарор гирифта бошад, пас мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чаро тадбире рӯйи даст нагирифтанд? Аз ҷумла, худи Вазорати адлия, ки ба Прокуратураи генералӣ ариза пешниҳод мекард ё Прокуратураи генералӣ, ки бо ташаббуси худ ба ин фармоиш эътироз оварда метавонист.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.