“Барқи тоҷик” ҳар моҳ ба “Сангтӯда-1” беш аз 4 млн. доллар қарздор мешавад

Сатҳи пардохти маблағи нерӯи барқи интиқолёфта аз нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” ба ширкати “Барқи тоҷик” ба ҳисоби миёна на зиёдтар аз 31% аз арзиши онро ташкил дод. Ҳамин тариқ, давоми семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми қарзи ширкати “Барқи тоҷик” назди нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” ба миқдори 118,4 млн. сомонӣ (беш аз 12,5 млн. доллар) афзуда, ба санаи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Сатҳи пардохти маблағи нерӯи барқи интиқолёфта аз нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” ба ширкати “Барқи тоҷик” ба ҳисоби миёна на зиёдтар аз 31% аз арзиши онро ташкил дод.

Ҳамин тариқ, давоми семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми қарзи ширкати “Барқи тоҷик” назди нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” ба миқдори 118,4 млн. сомонӣ (беш аз 12,5 млн. доллар) афзуда, ба санаи 31 марти соли 2019 ба 1,17 млрд. сомонӣ (наздики 110 млн. доллар) баробар шуд.

Нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” тӯли се моҳ ба ширкати “Барқи тоҷик” бо назардошти андоз аз арзиш иловашуда (ААИ) ба маблағи 170,7 млн. сомонӣ нерӯи барқ итиқол дод.

Дар “Сангтӯда-1” қайд мекунанд, ки истеҳсоли барқ дар нерӯгоҳ мувофиқи ҷадвали интиқол амалӣ мешавад.

Интиқоли барқ аз нерӯгоҳ давоми моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ дар ҳаҷми 612,0 млн. кВт/соат сурат гирифтааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 7,2 млн. кВт/соат зиёдтар мебошад.

Аммо ин 21,0 млн. кВт/соат камтар аз ҳаҷми пешбинишуда дар ҷадвали баимзорасидаи интиқоли барқ дар соли 2019 ба ШСХК “Барқи тоҷик” аст.

Нишондиҳанда (коэффисиент)-и миёнаи истифодаи иқтидори мавҷудаи нерӯгоҳ дар семоҳаи аввали ҳамин сол 42,6%-ро ташкил додааст.

Қобили зикр аст, ки ширкати “Барқи тоҷик” ягона харидори барқи истеҳсолшуда дар нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” мебошад.

Ёдрас мекунем, ки ҳаҷми умумии қарзи ширкати “Барқи тоҷик” ба аввали соли равон 23,1 млрд. сомонӣ (ҳудудуи 2,5 млрд. доллар)-ро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.