Барои сохтмони галереяҳои муҳофизат аз тарма дар роҳи Душанбе-Чанок 5 млн. доллар ҷудо мешавад

Пас аз баргузор намудани ташхиси давлатии лоиҳаи “Сохтмони айвончаҳо (галереяҳо)-и муҳофизат аз тарма дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок” паймонкор ба амалисозии он шурӯъ мекунад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон. Дар Вазорат қайд карданд, ки восита барои амалисозии ин қисмати лоиҳаро дар ҳаҷми 5 млн. доллар ҳукумати Покистон ба таври кумаки бебозгашт ҷудо мекунад. […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Пас аз баргузор намудани ташхиси давлатии лоиҳаи “Сохтмони айвончаҳо (галереяҳо)-и муҳофизат аз тарма дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок” паймонкор ба амалисозии он шурӯъ мекунад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Дар Вазорат қайд карданд, ки восита барои амалисозии ин қисмати лоиҳаро дар ҳаҷми 5 млн. доллар ҳукумати Покистон ба таври кумаки бебозгашт ҷудо мекунад.

Паймонкори кулли лоиҳа ширкати China Road-и Чин интихоб шудааст, ки Вазорати нақлиёт аввали сол бо он созишномаи дахлдор ба имзо расонидааст.

“Лоиҳаҳои корӣ барои ҳар кадоме аз қитъаҳо ҷудогона таҳия ва ба ташхиси давлатӣ пешниҳод шудааст. Пас аз дарёфти хулосаи мусбат паймонкор ба корҳои сохтмон оғоз мекунад”, – таъкид дошт манбаъ.

Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт, дар доираи лоиҳаи “Сохтмони айвончаҳои муҳофизат аз тарма дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок” бунёди 55 адад айвончаҳои муҳофизат аз тарма бо масофаи умумии тақрибан 5665 метр пешбинӣ шудааст.

Барои анҷоми корҳои пешбинишуда ба сурати умум тақрибан 51,5 млн. доллар маблағ зарур аст.

Айни замон дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок 24 адад чунин галереяҳо сохта шудааст. Ин иншоот асосан аз ҷониби ширкати China Road соли 2013 ҳангоми таъмиру навсозии роҳ бунёд шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.