Болоравии нархҳо ба маҳсулот дар арафаи моҳи Рамазон

Як ҳафта пеш аз фарорасии моҳи шарифи Рамазон болоравии нархҳо ба маҳсулоти асосии хӯрокворӣ дар Тоҷикистон оғоз гардид. Масалан, арзиши як кило гӯшт дар бозорҳои Душанбе то 45 сомонӣ барои як кило боло рафт. То ин дам 1 кило гӯшт бо нархи 40 сомонӣ фурӯхта мешуд. Ба гуфтаи соҳибкорон, гӯшти мурғ низ қимат шуда, як […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Як ҳафта пеш аз фарорасии моҳи шарифи Рамазон болоравии нархҳо ба маҳсулоти асосии хӯрокворӣ дар Тоҷикистон оғоз гардид.

Масалан, арзиши як кило гӯшт дар бозорҳои Душанбе то 45 сомонӣ барои як кило боло рафт. То ин дам 1 кило гӯшт бо нархи 40 сомонӣ фурӯхта мешуд.

Ба гуфтаи соҳибкорон, гӯшти мурғ низ қимат шуда, як қуттӣ гӯшти он акнун ба ҷойи 260 сомонӣ 290 сомонӣ нарх дорад.

Нархи як халта орд дар баъзе фурӯшгоҳҳо то 200 сомонӣ бол рафт, ҳарчанд чанде қабл харидани он бо арзиши 170-180 сомонӣ имконпазир буд.

Картошкаи ҳосили нав дар бозорҳо 4 сомонӣ нарх дорад. Дар робита ба номусоидии обуҳаво помидору бодиринг низ каме гарон шуд.

Масалан, бодиринг ҳафтаи гузашта 3-3,5 сомонӣ нарх дошта, имрӯз аллакай бо нархи 4-5 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Қобили зикр аст, ки нархҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ пеш аз моҳи Рамазон ва дар чараёни он ҳамасола боло мераванд.

Тибқи маълумоти Агентии омор, дар муқоиса бо соли гузашта нархҳо ба карам (соли 2018 –  1,95 сомонӣ барои 1 кило, соли 2019 – 4,40 сомонӣ), пиёз (1,75 – 3,00), сабзӣ (1,90 – 2,50), помидор (15,00 – 18,00), биринҷ (9,2 – 12,7), равғани растанӣ (11,00 – 12,40), гӯшти гов (36,8 – 43-45,00), шакар (6,00 – 6,50), орди навъи 1-ум (2,8 – 3,6) боло рафтаанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, имсол дар майдони умумии 73,97 гектар гармхонаҳои кишвар 930 тонна помидор, наздики 282 тонна бодиринг ва 355 тонна дигар сабзавоту меваҳои буттагӣ парвариш карда шудааст.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, семоҳаи аввали соли 2019 ба Тоҷикистон беш аз 9 ҳазор тонна гӯшт ва маснӯоти он, наздики 22 ҳазор тонна маҳсулоти ордӣ ва галлладона, ҳудуди 33 ҳазор тонна равғани растанӣ ва чорво ворид шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.