Интиқоли молҳо тариқи долони соддашудаи гумрукӣ байни Тоҷикистону Россия

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Санаи 17 апрели соли равон зимни сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Россия Созишнома байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Россия оид ба ташкили тартиби соддагардонидашудаи амалиёти гумрукӣ ҳангоми интиқоли молу воситаҳои нақлиёт байни Тоҷикистон ва Россия ("Долони соддагардонидашудаи гумрукӣ") ба имзо расид.

Дар замима ба созишномаи баимзоасида молҳое зикр мешаванд, ки объекти созишнома ба шумор мераванд.

Аз ҷумла инҳо иборатанд аз:

– Сабзавот ва баъзе бехмеваҳо ва муғҷа-меваҳои хӯрданибоб;

– Меваҳо ва мағзҳои хӯрданибоб; пӯст ва пӯстлохи ситрусӣ ё харбуза;

– Чормағзи заминӣ, бирёнкарданашуда ё бо тарзи дигар тайёр кардашуда, пӯсткандашуда ё пӯстканданашуда, майдакардашуда ё майда карданашуда;

– Маҳсулоти коркардшудаи сабзавоту мева, мағзи чормағз ё дигар қисмҳои растаниҳо;

– Маҳсулоти ғизоии гуногун.

Мувофиқи шартҳои санад, шахсоне, ки дар расмиёти долони соддагардонидашудаи гумрукӣ иштирок мекунанд, ба чанде аз бартариятҳо соҳиб мешаванд.

Масалан, афзалият дар маҳалли барасмиятдарории гумрукӣ дар муқоиса бо дигар шахсоне, ки иштирокчии долон набуда, барасмиятдарории гумрукиро дар Тоҷикистон ва Федератсияи Россия анҷом медиҳанд.

Ҳамчунин дар суръатбахшии расмиёти гумрукӣ, ба ҳадди ақал расонидани шакл ва дараҷаи назорати гумрукӣ дар асоси таҳлили иттилоот оид ба молҳо дар доираи системаи идоракунии таваккал низ афзалият дода мешавад.

Зикр мегардад, ки муқаррароти долони соддагардонидашудаи гумрукӣ барои ҳамаи намудҳои нақлиёт (бо молҳои мавриди амал қарордошта дар долон) татбиқ мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.