Иштироки наздики 2 ҳазор нафар ҳарбиён дар гузашти низомии Душанбе

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Гузашти низомӣ ба муносибати ҷашни 74-умин солгарди Ғалаба дар Чанги Бузурги Ватанӣ санаи 9-уми май дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе доир мегардад.

Дар маросими гузашти низомӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок мекунад. Гурӯҳи собиқадорони ҷангу меҳнат меҳмонони гиромиву муътабари чорабинӣ хоҳанд шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ.

Пеш аз оғози сафороӣ маросими гулчанбаргузорӣ ба пояи Гулхани абадӣ баргузор шуда, ҳозирин хотираи қурбониёни ҷангро бо хомӯшии якдақиқаина пос медоранд.

Дар гузашти низомӣ дар шаҳри Душанбе наздики 2 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии гарнизони Душанбе ва ҳамчунин сарбозону афсарони пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ширкат меварзанд.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) аз аҳолии он замон 1,5 млн. нафараи Тоҷикистон 270 ҳазор нафар ба ҷабҳа рафта, беш аз 100 ҳазор тан дигарбора ба ватан барнагаштанд. Аз ин шумор 55 ҳазор нафар бо ордену медалҳо ва 54 нафар тоҷикистониёни иштирокчии ҷанг, аз ҷумла баъди марг ба унвони олӣ – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шарафёб гардиданд.

Сафи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон сол то сол кам мешавад. Имрӯз онҳо ҳамагӣ 244 нафар боқӣ мондаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.