Боздоштшудагон дар эътирози назди дарвозаи ширкати “Фароз” коргарони оддӣ набуданд?

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Яке аз манбаъҳо дар шаҳри Турсунзода, ки ҳамасола дар ҷамъоварии шираи камол кор мекунад, ҳикоят кард, ки ширкати “Фароз” имсол тасмим гирифтааст, ки бо кормандон бидуни миёнаравон мустақиман қарордод бандад. Дар натиҷа шахсоне, ки аз ҳисоби бекорон дар деҳаҳо коргарон ҷамъ мекарданд, бекор мондаанд.

Даҳҳо нафар аз коргарони хоҷагиҳои кишоварзӣ, ки бар асоси қарордод ба ширкати маъруфи “Фароз” шираи камол мефурухтаанд, рӯзи 29 апрел дар назди идораи ин ширкат ҷамъ омада ва хостори бознигарии қарордодҳояшон шуданд.

Яке аз ин коргарон ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ширкати “Фароз” хостааст, ки ҳар килои шираи камолро ё бо қимати 10-долларӣ ба онҳо бифурӯшанд, ҳарчанд қаблан бо арзши 60 доллар мехарид. Зикр шудааст, ки дар акси ҳол, ширкат бо кормандон аз Афғонистон қарордод мебандад, ки омодаанд, шираро ҷамъ оварда бо қимати поинтаре ба онҳо бифурӯшанд.

Баъдан Радиои Озодӣ хабар дод, ки норозиёне, ки рӯзи 29-уми апрел дар назди дафтари ширкати "Фароз" дар шаҳри Душанбе ҷамъ омада буданд, мегӯянд, наздик ба 15 нафари онҳо боздошт шудаанд.

– Ман шумори дақиқи боздоштшудагонро намедонам, лекин ба гумонам, маҳз ҳамонҳо норозигӣ изҳор кардаанд, ки миёнаравонанд, – хабар дод ба “Азия-Плюс” яке аз ҷамъоварандагони шираи камол.

Ӯ қайд кард, ки сарфи назар аз миқдори ҷамъоваришуда, миёнаравон ба онҳо барои 1 рӯзи корӣ 50 сомонӣ маблағ медоданд, “лекин бо чӣ нархе ҳар килояшро ба “Фароз” мефурӯшанд, мо намедонем”.

– Чаро шумо бе миёнаравҳо кор намекунед?

– Мо роҳи дастрасӣ ба “Фароз”-ро пайдо карда наметавонем. Вақте ба он ҷо меравем, мегӯянд, ки кор нест. Аз ин рӯ, бо миёнаравҳо аз як тараф мо маблағи камтар кор карда, аз ҷониби дигар, бе онҳо маҳсулотамонро фурӯхта наметавонем.

Ҳар сол охири моҳи май дар деҳаҳо шахсони корчаллоне пайдо мешаванд, ки одамонро ба бригадаҳо ҷамъ карда, онҳоро ба кӯҳ мебаранд. Онҳо дар кӯҳсор шираи камолро ҷамъоварӣ намуда, ба бригадири аз ҷониби миёнаравҳо таъиншуда месупоранд.

Камол растании бисёрсола буда, дарозии пояаш то 3 метр мерасад. Решаааш ғафси сергӯшт, пояаш дарунковок. Гулаш зард ё зарди сафедча, тухмаш байзашакл буда, аз ду нима иборат аст. Дар вақти буридани решааш зифт (шира) ҳосил мекунанд, ки бӯи сир дошта, мазааш турши тез аст. Дар Тоҷикистон қариб 40 намуди камол маълум аст. Дар тиб доруҳои аз камол ҳосилшударо барои табобати бемориҳои дил, меъда, истерия, неврозҳо, сил, илтиҳоби ғадудҳои лимфагузар истифода мебаранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.