Эътирофи Тоҷикистон ба сифати кишвари пешсаф дар синамаконии тифлон

Дар Тоҷикистон 73%-и занон танҳо ба синамаконии тифлон (муддати 6 моҳ ва зиёдтар аз он) афзалият медиҳанд, хабар дода мешавад дар сомонаи филиали Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар Аврупо. Бино ба иттилои манбаъ, ба ин феҳрист ҳамчунин Туркманистон (57%), Қазоқистон (51%) ва Гурҷистон (35%) низ шомил шудаанд. Муҳаққиқони филиали Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо ошкор […]

Дар Тоҷикистон 73%-и занон танҳо ба синамаконии тифлон (муддати 6 моҳ ва зиёдтар аз он) афзалият медиҳанд, хабар дода мешавад дар сомонаи филиали Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар Аврупо.

Бино ба иттилои манбаъ, ба ин феҳрист ҳамчунин Туркманистон (57%), Қазоқистон (51%) ва Гурҷистон (35%) низ шомил шудаанд.

Муҳаққиқони филиали Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо ошкор кардаанд, ки синамаконии тӯлонӣ хатари фарбеҳшавии носолими кӯдаконро кам мекунад.

Таҳқиқот дар навбати аввал кишварҳои аврупоиро фарогир аст. Дар он зикр мешавад, ки имрӯз наздики 400 ҳазор нафар кӯдакони синни аз 6 то 9-сола дар Аврупо аз шакли вазнини фарбеҳшавӣ азият мекашанд. Мутахассисон мегӯянд, тадбирҳои роҳандозишуда дар самти мубориза бо фарбеҳшавӣ дар кишварҳои Аврупо натиҷаҳои дилхоҳ надодаанд.

“Ҳар қадар, ки ба тифл ба муддати зиёдтар бо роҳи синамаконӣ ғизо дода шавад, ҳамон қадр беҳтар ӯ аз фарбеҳшавӣ эмин мемонад. Ин маълумот ба мо барои таҳияи тадбирҳои бештар самарнок дар мубориза бо мушкилоти фарбеҳшавӣ кумак мекунад”, – изҳор доштааст намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Бенте Миккелсен.

Дар ҷараёни таҳқиқот коршиносони СҶТ ошкор кардаанд, ки давомнокии синамаконӣ дар Аврупо ба меъёрҳои ҷаҳонии тавсияшуда мувофиқ нест. Табибон тавсия додаанд, ки то шашмоҳагӣ ба тифлон танҳо бо шири модар ғизо дода, пас аз он ба хӯроки кӯдак метавон дигар ғизоро ҳам илова намуд ва мувофиқи имкон синамакониро то ду сол идома дод.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.