Ҳукми 6 соли зиндон ба соҳибкор барои воридоти дорувории пастсифат

Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сокини вилояти Хатлонро барои ғайриқонунӣ ба ҷумҳурӣ ворид намудани маводи дорувории муҳлати истифодаашон гузашта ба 6 соли зиндон маҳкум кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, Фарҳод Қурбонов санаи 22 октябри соли 2018 дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шудааст. “Ӯ аз Туркия беш аз 800 қуттӣ 7 номгӯи маводи […]

Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сокини вилояти Хатлонро барои ғайриқонунӣ ба ҷумҳурӣ ворид намудани маводи дорувории муҳлати истифодаашон гузашта ба 6 соли зиндон маҳкум кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, Фарҳод Қурбонов санаи 22 октябри соли 2018 дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шудааст.

“Ӯ аз Туркия беш аз 800 қуттӣ 7 номгӯи маводи дорувориро ба маблағи умумии 3 ҳазор доллар ворид карданӣ буд. Муайян карда шудааст, ки ин мавод ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгӯ набуда, ғайриқонунӣ, бе иҷозатномаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба ҳудуди ҷумҳурӣ ворид карда мешавад”, – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, нисбати Қурбонов мутобиқи моддаи 210 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Ғайриқонунӣ машғул шудан ба фаъолияти амалии хусуии тиббӣ ва фаъолияти  хусусии фармасевтӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуд.

“Бо қарори суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Фарҳод Қурбонов ба 6 соли зиндони низомаш сахт маҳкум гардида, ҳамчунин ӯ ба муддати ду сол аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ – фурӯши маводи фармасевтӣ маҳрум карда шуд”, – зикр мегардад дар хабари Прокуратураи генералӣ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.