Тифл мондам аз ту, модар, рӯйи ту дар ёд нест…

Мирзо Турсунзода соли 1911 дар деҳаи Қаратоғи водии Ҳисор таваллуд шуда, дар синни 9-солагӣ  аз меҳрубониву меҳри модар маҳрум гаштааст.  Мирзо Турсунзода баъди ба Душанбе омаданаш аз соли 1936 то соли 1946 дар вазифаҳои гуногуни адабиву рӯзноманигорӣ фаъолият кардааст. Соли 1946 раисии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба ӯҳда гирифт ва то охири умр ин вазифаро пеш […]

Мирзо Турсунзода соли 1911 дар деҳаи Қаратоғи водии Ҳисор таваллуд шуда, дар синни 9-солагӣ  аз меҳрубониву меҳри модар маҳрум гаштааст.  Мирзо Турсунзода баъди ба Душанбе омаданаш аз соли 1936 то соли 1946 дар вазифаҳои гуногуни адабиву рӯзноманигорӣ фаъолият кардааст. Соли 1946 раисии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба ӯҳда гирифт ва то охири умр ин вазифаро пеш бурд.

Мирзо Тусунзода дар ҷараёни сафарҳояш ба шаҳрҳои Деҳлӣ, Исломобод, Париж, Варшава, Вена, Қоҳира, Стокголм, Хелсинкӣ, Дорусалом, Ҷакарта, Конакрӣ чун шахсияти барҷастаи фарҳангиву иҷтимоӣ ба камол расида, , ҳамеша талош мекард, ки Тоҷикистон ва халқи тоҷикро ба оламиён муаррифӣ намояд. Шоир дар «Ватан » ном шеъраш муддати ҷаҳонгардии хешро ёдоварӣ намудааст.

Писари калонии шоир Мақсуд Турсунзода дар суҳбат изҳор дошт, ки падараш на танҳо эҷодиёти бой, балки оилаи бузургу хушбахте низ дорад.

Шоири бузург дорои се фарзанд Мақсуд, Парвиз ва Фирӯза мебошад,. Ҳамчунин, Турсунзода дорои панҷ набера, панҷ абера ва 3 кабера мебошанд, ки бархеи онҳо дар Аврупо ва Канада ба сар мебаранд.

Ба гуфтаи Мақсуд Турсунзода, аҳли оилаи онҳо дар соҳаҳои гуногуни зиндагӣ эҷодкор буда, яке ба навиштани шеър ва дигаре ба мусиқӣ завқ доранд.

“Яке аз аберагони падарам бо исми Мирзо, вориси ду шоири бузурги тоҷик Мирзо Турсунзода ва Мӯъмин Қаноат мебошад. Мирзо Қаноатов дар Канада кору зиндагӣ мекунанд ва доктори илмҳои биохимия мебошад”.

«Офтоби мамлакат», «Хазон ва баҳор», «Писари Ватан», «Барои Ватан», «Ҳасани аробакаш», «Садои Осиё»,«Духтари муқаддас», «Чароғи абадӣ», «Ҷони ширин», «Аз Ганг то Кремл» ва ғайра аз ҷумлаи осори муҳими адиб ба шумор мераванд.

Ёдрас мешавем, ки устод Мирзо Турсунзода тирамоҳи соли 1977 аз дунё даргузашт.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.