Равуои нақлиёт тариқи роҳи Душанбе-Хуҷанд барқарор шуд

Пас аз бартараф намудани оқибатҳои лағжиши кӯҳпораи азим дар километри 119-уми роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд, ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи он барқарор шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти филиали ширкати IRS дар Тоҷикистон. Котиби матбуотии филиали ширкат Далер Мерганов ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ дод, ки роҳ аз ҳарду самт барои ҳаракати нақлиёт боз шудааст. […]

Пас аз бартараф намудани оқибатҳои лағжиши кӯҳпораи азим дар километри 119-уми роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд, ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи он барқарор шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти филиали ширкати IRS дар Тоҷикистон.

Котиби матбуотии филиали ширкат Далер Мерганов ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ дод, ки роҳ аз ҳарду самт барои ҳаракати нақлиёт боз шудааст.

“Аввал ҳаракатро ба самти Душанбе ва сипас ба самти Хуҷанд низ иҷоза доданд. Айни замон воситаҳои нақлиёт метавонанд ба ҳарду самт ҳаракат кунад. Қитъаи вайроншудаи роҳ рӯзҳои наздик таъмиру асфалтпӯш мешавад”, – иброз дошт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки бар асари лағжиши кӯҳпораи азим дар километри 119-уми роҳи Душанбе-Хуҷанд субҳи имрӯз роҳ баста шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.