ИА: Бе озодии воқеии матбуот демократия вуҷуд дошта наметавонад.

Иттилоияи расмӣ

Дар Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот мо ба нақши муҳиму ҷойгоҳи хоси матбуоти мустақил, ки на танҳо интиқолдиҳандаи иттилооти муътамаду дақиқ, балки сутуни демократия мебошад, ҷашн мегирем. 

Сифати равандҳои демократӣ ба сатҳи озодии баён, инчунин озодии васоити ахбори омма (ВАО) ва гуногунандешӣ алоқаманд аст. Бе озодии воқеии матбуот демократия вуҷуд дошта наметавонад, гуфта мешавад дар Изҳороти Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо (ИА) хонум Федерика Моғеринӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот – 3 майи соли 2019.

Гуфта мешавад, васоити ахбори озоду гуногун ва мустақил масъулияти ниҳоят бузургеро ҷиҳати ба мардум расонидани иттилооти санҷидаю муътамад ба дӯш дошта, пояи асосии ҷомеаи озоду гуногунандеш маҳсуб мешаванд. Тадқиқотҳои журналистӣ дар таъмини назорату амнияти ҷомеа нақши муҳимро адо карда, барои аз амалу иқдомҳои худ ҳисобот додани давлатҳо ва муассисаҳои сатҳи гуногун, инчунин ба пайгирию назорати иҷрои уҳдадориҳои онҳо мусоидат менамоянд.

Бо вуҷуди ин, ҳоло ҳам кӯшишҳои зиёди маҳдуд сохтани фазои васоити ахборро, аз ҷумла талошҳои пайваста паст задани онҳоро мушоҳида мекунем. Бисёр рӯзноманигорон бинобар ифшо сохтани ҳақиқат ва далелҳои нохушоянд қурбон мешаванд ё ҷони худро зери хатар мегузоранд.

Таҷлили 26-умин Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот ба чолишҳою мушкилоти замони муосир, ки васоити ахбори омма дар давраи интихобот дар давраи пахши ҳар гуна маълумоти бардурӯғу пуртаҳриф ба онҳо дучор мегарданд, инчунин ба имконоти ВАО дар амри дастгирии демократия, сулҳ ва раванди мусолиҳа бахшида шудааст. Иттилооти бардурӯғу таҳрифомез метавонад ба равандҳои демократия ва муҳокимаи озоди масъалаҳо дар саросари ҷаҳон таъсири манфӣ расонад, ки дар ин росто Иттиҳоди Аврупо истисно нест. 

Маҳз ба ин хотир мо “Нақшаи амали Иттиҳоди Аврупо бар зидди иттилооти бардурӯғ”-ро роҳандозӣ намудем, то дар ин самт иқдомҳои ҷавобии Иттиҳоди Аврупоро ба хотири тақвияти устувории ҷомеа бар зидди иттилооти бардурӯғ фаъол намоем. Дар Нақша такмил додани усулҳои шинохту пайгирии иттилооти бардурӯғ, ҳамоҳангсозӣ ва кӯшишу талошҳои муштараки Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои аъзои он, иҷро шудани уҳдадориҳои бахши хусусӣ, боло бурдани сатҳи огоҳии мардум ва афзудани имкониятҳои шаҳрвандон пешбинӣ шудаанд.

Демократияи солим ба мубоҳисаҳои ошкоро, озод ва одилонаи масъалаҳо такя мекунад ва вазифаи мо муҳофизат кардани ин фазо ва ҷилавгирӣ аз пахши иттилооти бепоя мебошад, ки  ҳисси нафрату адоват, мухолифат ва нобовариро нисбат ба демократия ба миён меорад.

Иттиҳоди Аврупо ба фаъолияти васоити ахбори озоду беғараз на танҳо дар дохили давлатҳои аъзои он, балки дар саросари ҷаҳон дар чаҳорчӯбаи  ҳамкории мутақобил бо кишварҳои дигар мусоидат менамояд.  Чунин иқдом, аз ҷумла бо роҳи маблағгузорӣ кардани лоиҳаҳои мақсаднок ба хотири боло бурдани сатҳу сифати журнализм, тақвияти озодии матбуот ва дастрасии бештар ба иттилооти ҷамъиятӣ ба даст меояд.

Дар шароити афзудани фишор ба журналистикаи мустақил Иттиҳоди Аврупо бори дигар омодагии худро барои ҳифзу ҳимояи озодии матбуот ва ВАО дар ҳудуди давлатҳои аъзо ва саросари ҷаҳон изҳор медорад.

Санаи 5 декабри соли 2018 Комиссияи Аврупо ва Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо Баёнияи муштаракро дар бораи "Нақшаи амал бар зидди маълумоти бардурӯғ" қабул намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.