Сервисҳои Google-ро дар Тоҷикистон кӣ мебандад?

Аз шоми рӯзи 2 май сокинон аз хизматгузории ҷустуҷӯи Google истифода карда наметавонанд, зеро дастрасӣ ба он ғайриимкон мебошад. Пештар дигар сервисҳои Google: Play market, Translator, Gmail, GoogleDocs, Google Forms, Google Диск, Google Maps ва ғайра низ баста шуда буданд. Муовини сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳом Атоев ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ дод, ки […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Аз шоми рӯзи 2 май сокинон аз хизматгузории ҷустуҷӯи Google истифода карда наметавонанд, зеро дастрасӣ ба он ғайриимкон мебошад. Пештар дигар сервисҳои Google: Play market, Translator, Gmail, GoogleDocs, Google Forms, Google Диск, Google Maps ва ғайра низ баста шуда буданд.

Муовини сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳом Атоев ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ дод, ки дастрасӣ ба ин сервисҳо аз берун (хориҷа) қатъ мешавад.

“Мо ин сервисҳоро намебандем, бо сабабҳои техникӣ дар берун аз Тоҷикистон онҳо дастнорасанд. Гурӯҳи мутахасисон ин масъаларо меомӯзанд”, – гуфт Атоев.

Аз додани маълумот дар бораи дигар ҷузъиёти ин масъала ва шарҳи сабабҳои бастани шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаи хабаргузориҳо ӯ худдорӣ варзид.

“Дар асл баъзе сервису сомонаҳо барои тоҷикистониён аз хориҷи кишвар масдуд мешаванд. Шояд баъзе нерӯҳо ба ин васила сокинони кишварро ба ғазаб оварданианд. Мушкилоти чанде қабл бо сомонаи президент низ аз хориҷи кишвар сурат гирифт, зеро мо интернетро аз дигар кишварҳо мехарем”, – гуфт як манбаи дигар, корманди ин соҳа.

“Хадамоти алоқа бояд исбот кунад, ки дар ин кор даст надорад”

Ба гуфтаи мутахассисон, ин кор аз лиҳози техникӣ имконпазир буда, лекин омӯзиш ва ваҷҳу далелро тақозо мекунад.

“Аз нигоҳи техникӣ чунин ҳолатро инкор наметавон кард, зеро тамоми интернети Тоҷикистон тариқи Маркази ягонаи коммутатсионӣ (МЯТ) мегузарад, ки паҳлӯи хеле манфии кори ин марказ аст”, – мегӯяд коршиноси маводи чандрасонаӣ (мултимедиа) Рустам Гулов.

Вале Гулов аз эҳтимол ҳам дур намедонад, ки қатъи дастрасӣ “ба интиқоми Хадамоти алоқа барои бекор шудани фармоиши Хадамоти зиддиниҳисорӣ низ монанд буда метавонад”.

“Фармоишро бекор карданду онҳо даромадашонро аз даст доданд. Шояд маҳз ба ҳамин васила аз сокинони Тоҷикистон қасос мегиранд”, – аз эҳтимол дур намедонад ӯ.

Ӯ ба Хадамоти алоқа пешниҳод мекунад, ки аз ҷониби онҳо қатъ нашудани дастрасиро ба ин сервисҳо исбот кунанд.

“Аз Тоҷикистон баста нашудани сайтҳо ва ба сабабаш сарфаҳм нарафтани Хадамоти алоқаро исбот кардан лозим аст. Бигзор онҳо log-файлҳо ва маълумотро дар бораи сабаби баста шудан ва кай оғоз гардидани онро нишон диҳанд. Бояд мушаххасан мушкилотро нишон дод. Агар IP-суроғаҳо аз Тоҷикистон қатъ нашуда бошанд, пас чаро сомонаву сервисҳо бо ёрии VPN кор мекунанд? ”, – қайд кард Рустам Гулов.

Роҳбари Ассотсиатсияи операторони мобилии Тоҷикитсон Ғафур Эркаев мегӯяд, ноқисиҳои техникӣ ба вуҷуд меоянд, лекин ба гумон аст, ки ширкатҳои бузург ба қатъи дастрасӣ ба сервисҳо дар Тоҷикистон манфиатдор бошанд.

“Агар ин аз хориҷи кишвар бошад, ба ширкатҳои ҷаҳонӣ то ҳадде зиёни моддӣ мерасад, ки онро нодида гирифта наметавонанд. Албатта, нуқсҳои техникӣ ба вуҷуд меоянд, инро касе инкор намекунад. Шояд ба касе чизе маъқул нашуда бошад”, – мегӯяд ӯ.

Бино ба гуфтаи Эркаев, вақте операторони мобилӣ интернетро мустақилона мехариданд, дастрасӣ ба сомонаҳоро бо огоҳинома аз Хадамоти алоқа ё дигар идораҳо қатъ мекарданд.

Аз дасти ширкатҳои мобилӣ чизе намеояд

Дар ҳамин ҳол, сокинони ҷумҳурӣ дар қатъи дастрасӣ ва пастшавии суръати интернет ширкатҳои мобилиро гунаҳкор медонанд.

Аз ширкатҳои мобилӣ ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ доданд, ки оид ба ин масъала арзу шикоят хеле зиёд буда, лекин аз дасти онҳо чизе намеояд.

“Дар бораи қатъи дастрасӣ бисёр шикоят мекунанд. Одамон аз VPN истифода мекунанд, ки он ба сустшавии суръати интернет боис мегардад. Мо танҳо гуфта метавонем, ки қатъи дастрасӣ ба сомонаҳо ба мо ҳеҷ вобастагие надорад”, – гуфтанд дар ширкатҳои мобилӣ.

Бино ба гуфтаи онҳо, дар ширкатҳои мобилӣ низ аз қатъи дастрасӣ ба ин ё он сомонаву сервисҳо дар як вақт бо аҳолӣ огаҳӣ пайдо мекунанд.

“Пештар барои қатъи дастрасӣ ба ягон сомона ба мо муроҷиат мекарданд. Пас аз боз шудани Маркази ягонаи коммутатсионӣ, дастрасӣ ба ҳама чизеро, ки мехоҳанд, қатъ карда метавонанд. Аз ин кор мо ҳам ҳамроҳи мардум огоҳ мешавем”, – гуфт манбаъ дар яке аз ширкатҳои мобилӣ.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки қаблан ҳодисаҳои аз хориҷи кишвар қатъ кардани дастрасӣ ба ин ё он сомона ё сервисҳо ҷой надошт.

“Вақте операторон мустақилона аз хориҷи кишвар интернет мехариданд, ҳолатҳои қатъи дастрасӣ аз хориҷи кишвар ҷой надошт. Агар ягон камбуду ноқисӣ ба вуҷуд меомад, провайдери фурӯшандаи интернет моро огоҳ мекард, лекин чунин қатъкуниҳои сартосарӣ ҷой надошт”, – хабар дод манбаъ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.