Рози муваффақияти корбарони тоҷик дар Instagram чист?

Манзумаи Фирӯз

Корбарони шабакаи иҷтимоии Instagram дар Тоҷикистон сабаби муваффақияти худро дар озодӣ ва бе парда намоиш додани розҳои зиндагии худ медонанд.

Шабакаҳои иҷтимоӣ солҳои охир ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти инсон дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон гардидааст. Имрӯз мушоҳида менамоем, ки ҷавонони Тоҷикистон низ фаъолона Instagram-ро истифода мебаранд, ки ин аз хизматрасонии босифати шабакаи мазкур барои интиқоли аксҳо ва видеоҳо дарак медиҳад. Мувофиқи мушоҳидаҳои мо ба Instagram асосан афроди машҳур ва блогерҳо дохил мешаванд.

Сабринаи Назрӣ яке аз машҳуртарин корбарони шабакаи иҷтимоии Instаgram дар Тоҷикистон аст, ки айни ҳол зиёда аз 300 ҳазор обуначӣ (подписчик) дорад. Ӯ аз соли 2015 инҷониб аз ин шабака истифода бурда, дар вақтҳои фориғ аз кор бо дӯстон ва ҳаводоронаш дар робита аст.

Сабринаи Назрӣ, корбари фаъоли шабакаи Instаgram ҳамарӯза кору фаъолият ва қиссаи зиндагиашро дар саҳифааш ҷо мекунад ва ҳеҷ рози пинҳон аз дӯстони маҷозиаш надорад. Аксу видеоҳои гузоштаи Сабрина шояд аз он ҷиҳат таваҷҷуҳбарангезанд, ки аз ҳаёти воқеиву бепардаанд ва мусаллам аст, ки ба ин таваҷҷуҳи ҷомеа зиёд аст. Лозим ба ёдоварист, ки Сабринаи Назрӣ барои ҳар як реклама дар саҳифааш зиёда аз 800 сомонӣ мегирад ва боз ният дорад, ки шумораи дӯстонашро аз миллион ҳам зиёд кунад.

Сабрина кист?

Сабрина дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Падараш собиқ корманди ВКД ва модараш табиб мебошад. Дар оила 4 фарзанд буда, аз чор духтари оила Сабрина фарзанди хурдии хонадон аст. Соли 2010 мактаби таҳсилоти миёнаи № 95-и шаҳри Душанберо хатм намуда, баъди хатми мактаб ҳуҷҷатҳояшро ба Академияи ВКД месупорад. Соли 2012 онро бо ихтисоси ҳуқуқшинос дар соҳаи милитсия хатм кардааст.

– Сабрина чӣ орзу дорад?

– Дар зиндагӣ навгониҳоро меписандам ва орзуи сафар кардан ба давлатҳои хориҷро дораму талош низ мекунам. То имрӯз ба давлатҳои Фаронса, Туркия, Хитой ва шаҳрҳои Дубай ва Маскав сафар намуда, як қисми орзуҳои худро амалӣ кардам.

– Оё бо даромади Instаgram имкони зистан ҳаст?

– Ҳоло то он дараҷае нашудааст, ки зиндагии молиявии ман пурра аз даромади шабакаи Instаgram бошад. Яъне, дар шароити имрӯз наметавон танҳо бо як роҳи даромад зиндагиро пеш бурд. Ва бояд бигӯям, ки барои таъмини хуби зиндагӣ роҳи даромади дигаре ҳам бояд дошт. Ман ҳам дар ин росто ба ҷуз аз шабакаи Instаgram боз роҳи даромад дорам.

– Машҳур будан дар Instаgram ба зиндагии шахсиатон халал намерасонад?

– Албатта, машҳур будан дар Instаgram ба зиндагии шахсӣ халал мерасонад. Агар шахс дӯстдошта дошта бошад, албатта, ки рашк мекунад. Вақте зиёда аз 300 ҳазор нафар аз ҳаёту фаъолияти ҳамарӯзаат назорат мебаранду ба видео ва аксҳоят лайк гузошта шарҳ менависанд, худ тасаввур кунед, ки чӣ гап мешавад.

– Кадом наворҳои паҳншудаи Сабринаро дӯстонаш бисёртар меписанданд?

– Ман ҳамарӯза чандин аксу видео дар ин шабака мегузораму сабаби асосии муваффақ ва шуҳратёр гардиданамро дар суҳбатҳои озод ва мустақиману бепарда намоиш додани розҳои зиндагиам медонам. Ман бо боварӣ гуфта метавонам, ки аз 300 ҳазор корбарам танҳо ба 500 нафарашон дархости дӯстӣ равон кардаам ва дигар боқимондаҳо бошанд, худашон ба ман  паёми дӯстӣ ирсол кардаанд.

– Дар зиндагӣ чиро намебахшед?

– Хиёнати дӯстро! Чунки бисёр хиёнат дидаам аз ҷониби дӯстон, киба  ҳаёти ман зарари калон расонид. Аз ҳамин хотир ҳастанд баьзе дӯстонам, ки то ҳол онҳоро бахшида наметавонам.

– Аз ҳама беш киро дӯст медоред?

– Албатта, падару модар ва хоҳаронамро дӯст медорам. Барои онҳо тамоми ҳастиямро мебахшам. Ҳамаи заҳмату меҳнатҳоям барои онҳост. Бовар кунед, танҳо оила аст, ки дар ҳама ҳолат дастгир ва розшунави мост.

– Дар зиндагӣ аз чи метарсед?

– Аз тӯҳмати душман…

– Вақте ба ғазаб оед чи кор мекунед?

– Сукут намуда, мусиқӣ гӯш мекунам. Баъзан барои роҳаттар шудан, метавонам дар хона бо гиря худро ором созам. Аммо кӯшиш мекунам, ки нороҳат ё дар ғазаб буданам ва мушкил дошатанамро аз хонаводаам пинҳон намоям, то онҳоро нигарон накунам.

– Сабрина оиладор аст?

– На, то ҳол шоҳзодаи ҳаётамро интизорам.

– Идеали шумо дар зиндаги кист?

– Идеали ман дар зиндагӣ Ольга Бузова мебошад.

– Оянда чи нақшаҳо доред?

– Дар оянда нақшаҳои зиёд дорам, аз ҷумла мехоҳам ягон ширкат ва ё корхонае бо ном ва бренди худам таъсис диҳам. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.